Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Фотима Ситораро ба сару рӯяш молидаву бӯида аз боргоҳ, аз назди падараш бадар меравад.

Исмоил: Ҳама бими ман аз пайкори ояндаҳост. Эҳтимоли пора-пора шудани кишварро ба пай хоҳад дошт...

Сарҳадбонони амир Исмоил расулони Амри Лайсро ба хорӣ, ба зарби тозиёна аз соҳили рӯд дур мекунанд. Ва бузургони Нишобур бо корвони ҳадоё ба пойтахти Амри Лайс бармегарданд.

Амри Лайси Саффорӣ аз рафтори амир Исмоил ба расулонаш андӯҳгин шуд, асабӣ буд. Мешӯриду мехурӯшид ва боз чун мавҷе дамида дар худ фурӯ мерафт.

Амри Лайс: Ин қабоҳат таҳаммулнопазир аст, хиёнат аст! Таҳқир аст! Ман бо ӯ мадоро кардан мехостам!... Ба ҳама вилоят расул фиристед ва талаби лашкар кунед. Ман кини Муҳаммади Бишру Алии Шарвинро бозхоҳам.

Ба як кишвар ду подшоҳ намегунҷад!

Лашкари анбӯҳе ба Нишобур гирд омада буд. Амри Лайси Саффорӣ нишаста бар аспи шабдизгуне, бо либоси ҷангӣ сафи сипоҳиёни хешро аз назар мегузаронд. Набераҳояш, писарони Муҳаммади Амр-Тоҳир ва Ёқуб чанд гоме аз паси ӯ мерафтанд. Ҳар сарҳанг дар назди сипоҳи хеш меистод. Сафи аввал аз пиёданизом иборат буд ва аз паси онҳо саворагон меистоданд. Лашкар саропо бо найзаву шамшеру гурзу сипар мусаллаҳ буд. Баъди аз назар гузаронидани лашкар табъи Амри Лайс шод буд.

Ӯ бо викор дар иҳотаи сарҳангҳояш Алӣ бини Ҳусайн Дирҳамӣ, Муҳаммад бинни Ҳамдон бинни Абдуллоҳ, Билол бини Азҳар, Муҳаммад бинни Шоҳфур, Тоҳир ва Яъқуби Лайс, Субкарӣ, писарони Шоҳфур - Аҳмад ва Муҳаммад, Абдуллоҳ бинни Муҳаммад бинни Микол вориди каср мешавад.

Амри Лайс: Худо шоҳид, мо толиби ин ҷанг набудем, вале намешавад бо рафтори амири Сомонӣ муросо кард. Дигар, ҳар гуна саркашӣ дар кишвари мо саркуб хоҳад шуд. Мо дигар ба касе иҷоза намедиҳем, ки сар аз фармони мо битобад. Мо дар қаламрави шарқии олами ислом ба тарики

пешина
аз 675
навбатӣ