Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Тоҳир бинни Абдуллоҳ ҳукумат хоҳем кард... Дигар гузашт кардан бас аст! Аз ин рӯ аз сарони лашкар тақозо мешавад, ки бо сипоҳиёни хеш меҳрубон ва дар як саф бошанд. Маоши ишонро бе тангдастӣ таъмин намоянд.
Сипоҳи мо набояд эҳтиёҷ дошта бошад. Имрӯз ҳама эҳтиёҷоти лашкарро бароварда созед. Фардо ба роҳ мебароем. Алӣ бинни Ҳусайни Дирҳами бо сипоҳи хеш дар муқаддимаи лашкар меравад... "Кутиба алайкуму алқилу ва ҳувва курҳун лакум ва ъасо ан такраҳу ашёъан ва ҳувва хайру лакум ва ъасо туҳиббу ашёъан тум ло таъламуна”, яъне ҳукми ҷиҳод барои шумо муқаррар гардид ва хол он ки бар шумо ногувору макрӯҳ аст, лекин чи бисёр шавад, ки чизеро шумо ногувор шуморед, вале ба ҳақиқат хайру салоҳ дар он буда ва чӣ бисёр шавад, ки чизеро дӯст доред ва дар воқеъ шарру фасоди шумо дар он аст ва Худованд ба мусолеҳи умур доност ва шумо нодонед! Аллоҳу акбар!

Ва дар қалби лашкар ин калом акси садо медиҳад. Ва лашкар ба роҳ меафтад. Ва осмони Хуросон аз ғубори роҳи лашкариёни Амри Лайси Саффорӣ тира мешавад ва офтоб дарнимарӯз, паси осмони гирифта чун моҳ метобад.

Субҳ нав медамид. Амир Исмоил бо Симо-ал-Кабир
— ғуломи падараш бар ҳисори Бухоро баромаданд. Ва манзараҳои гирду атрофро назора мекарданд. Саҳрое бадомани ҳисор мепайваст ва ҷумла найистон буд.

Амир Исмоил: Дар қадим ин зиёъ мулки Тугшода Бухорхудот будааст ва ӯ аз он ҳар касе аз фарзандон ва домодони худро ҳиссае додааст.

Симо-ал-Кабир: Имрӯз ҳам дар дасти ишон аст?

Амир Исмоил: Магар ба ин ҳол меуфтод? Ин зиёъ дар замони Тугшода ва фарзандони ӯ аз ободтарин зиёоти Бухоро будааст. Пас баъди таҳоҷуми аъроб ба Варазруд онро сарҳанги Мустаъин Ибни Муътасим Ҳасан бинни Муҳаммади Толутӣ аз ишон бистонид ва ба ин ҳол гардонид.

Симо-ал-Кабир: Ин зиёъ дар харобияш низ хурраму зебост.

Амир Исмоил: Ба шумо маъқул аст?

Симо-ал-Кабир: Бисёр ҳам. Ман гоҳ аз гоҳ ин ҷо меоям

пешина
аз 675
навбатӣ