Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ва соатҳо ба тамошои он мешинам.

Амир Исмоил: Ҳаргиз бувад, ки худованди таоло сабабе созад, то ин зиёъро аз баҳри шумо бихарам ва маро зиндагонӣ диҳад, то бибинам, ки зиёъ шуморо шудааст, аз он ки ин зиёъ аз ҳама зиёи Бухоро ба қиматтар асту хуштар.

Симо-ал-Кабир: Худованд зиндагонии амирамро баракат диҳад, лутфу марҳамати шумо дар ҳаққи банда беандоза аст.

Амир Исмоил: Он гоҳ ҳамроҳ дар ин найистонҳо шикор хоҳем кард. Сайди зиёде бояд дошта бошад.

Симо-ал-Кабир: Ман палангону бабрҳои зиёдеро мушоҳида кардаам, ки дар найистонҳо озодона сайр мекунанд. Рамаи ғизолон ҳамчунин...

Амир Исмоил: Бабру паланг! Чӣ хуб! Оҳу...
Ва паланги бадҳайбате ба сӯйи ҳисор меояд.

Амир Исмоил (бо овози хафӣ): Паланг!
Онҳо машғули назораи паланг мешаванд.

Амир Исмоил: Ҳатман ин зиёъро бояд харид!
Ва онҳо рӯ-рӯйи девори ҳисор ба дигар тараф мераванд. Ва боди сард вазон аст. Офтоб зери абрҳои бурида ва тираи осмон гоҳ аз гоҳ ба ранги парида намудор мешавад. Ва бод дар найистонҳо нола мекунад...

Муҳаммади Нӯҳ бо чанд сарбоз аз истиқболашон мебароянд ва бо наздик омадани амир Исмоилу Симо-ал-Кабир аз аспҳо пиёда мешаванд.

Амир Исмоил: Хайр аст?

Муҳаммади Нӯҳ: Аз Нишопур хабар расид, ки Амри Лайс бо лашкари анбӯҳ қасди Бухоро дорад.

Амри Исмоил: Бояд ҳамчунин мешуд. Лашкари анбӯҳ, яъне чӣ? Барои таърих “анбӯҳ” мегӯянд. Вале барои мо донистани шумори дақиқи он зарур аст. Мефаҳмед, шумори дақиқ!

Муҳаммади Нӯҳ: Бинобар шумори дақике, ки расули мо ҳадас мезанад, лашкари Амри Лайс ба ҳафтод ҳазор мерасад ва матбахашро чаҳорсад шутур мекашад, ки бовар кардани нест ва аз ин рӯ онро ба “анбӯҳ” хулоса кардам.

Амир Исмоил: Хоҳиш мекунам, минбаъд чунин “хулоса” макунед... Дигар ин, ки дар саросари кишвар сало дар диҳед: “Амри Лайс бар зидди мо лашкар кашидааст, то Варазрудро истило кунад, мардонро бикушад ва занону

пешина
аз 675
навбатӣ