Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

кӯдаконро ба асорат барад”.

Амир Исмоил бар асп мешинад ва ба сӯйи дарбор метозад. Ҳамроҳонаш аз ӯ пайравӣ менамоянд. Дар боргоҳ ғайримунтазира давлатмардони кишвар ҷамъ омада буданд. Бо ворид шудани амир Исмоил ҳамагон ба пешвозаш аз ҷойҳои хеш мехезанд ва то ба тахтгоҳ расиданаш дар ҳолати таъзим мемонанд.

Амир Исмоил: Гумон мекунам, ҳама аз қазия огоҳ ҳастанд. Амри Лайс ба қасди мо меояд. Бинобар ин салоҳро дар он мебинам, ки ба омилони вилоёт сареъан расулон бояд фиристод.

Аз мардони кишвар, ҳар кас ки қудрати силоҳ гирифтан дорад, бояд ба ҷанг сафарбар карда шавад.

Дар шаҳрҳо мардуми маҳаллӣ довталабона ба марказҳои сафарбаркунӣ гирд меоянд, мусаллаҳ мешаванд ва гурӯҳ-гурӯҳ пиёдаву савора ба роҳ меуфтанд. Онҳо ҳама рӯҳияи боланда доранд ва дар ҳар қадам шиор сар медиҳанд: Дар ҷанг мардона мурдан беҳ аз он ки асир шудан!” Пирону занону кӯдакон сарбозони хешро ҳама ҷо гусел мекунанд. Ҳама ҷо ҳамҳамаи шодиву сурур ҳукмфармост.

Барфҳо об шудаанд, майсаҳо дамидаанд, дарахтон гул кардаанд...

Амир Исмоил болои гаревае истодааст ва сафи лашкар аз наздаш мегузараду мегузарад, рӯз поён меёбад ва охири лашкар даруни зулмат нопадид...

Амир Исмоил бо сарони лашкар машварат мекунад.

Амир Исмоил: Пеш аз он, ки Амр ба соҳили Ҷайҳун расад, мо бояд дар Омӯя бошем. Муҳаммади Ҳорун фардо дар муқаддимаи лашкар ба сӯйи Омӯя ҳаракат хоҳад намуд. Мо ба Пирси Байкандӣ ва Мансури Қаротегин расулон фиристодаем. Онҳо бо сипоҳи хеш дар Омӯя бо мо мепайванданд. Бояд қосиди мо ба Хоразм расида бошад.

Амир Исмоил дар соҳили Ҷайҳун бо ҷамъе аз сарҳангони худ истода буд. Рӯз ба поён мерасид. Сипоҳи Муҳаммади Ҳорун бар заврақҳо нишаста аз рӯд убур менамуд.

Ва сарбозон аз дарё бе сар сар мекашиданд. Аз қалби гареваҳо берун мешуданд. Аз қабати харобаи кӯшқҳо, аз қабати деворҳои фурӯҳишта намудор мешуданд. Ҷумла бесар буданд. Ва саҳро аз сарбозону сарҳангҳои бесар сиёҳ шуда буд. Ва дарё аз чашмони амир Исмоил мерехт. Ва дарё хун мерафт. Осмон хун шуда буд. Ва зери гунбази

пешина
аз 675
навбатӣ