Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
аз истиқболи эшон аз ҷой хеста, шамшерҳо аз ниём баркашида, нигинҳо аз панҷаҳояшон мегиранд. Аҳмад муқобилият нишон додан мехоҳад.
-Хиёнат... Ин хиёнат аст! Субқарӣ бо ибни Микол тутӣҳа мекунанд....
Вале сарбозҳо ба доду фарёди онҳо гӯш надода, эшонро иҷборан ба зиндон мебаранд.
-Моро куҷо мебаред? Ин хиёнат аст! Амир аз ин аҳвол огоҳ нест!
-Шояд ин ҷо ором бигирӣ.
-Онҳоро ба зиндон мепартоянд. Ва дарро бар рӯяшон мебанданд. Ҳанӯз паси дари зиндон садои доду вояшон шунида мешавад.
Субқарӣ ва Ибни Микол пайдо мешаванд.
Субқарӣ: Ман фармудам, ки Симо-ал-Ҷайонӣ молу мулки эшонро мусодира намояд ва надашон мустаҳриҷ бимонад.
Микол: Ман аз Муҳаммад бим дорам. Ӯ марде заранг аст.
Субқарӣ: Ӯ дар дасти мо безарар мешавад, биме ба дил роҳ мадеҳ, ки ҷаҳон аз шарри эшон хоҳад баросуд...
Ҳафс: Ҳангоми додхоҳӣ Муҳаммад ба дасти Симо кушта шуд. Мансаби вазирӣ ба номи Ибни Микол тасвиб гардид ва тамоми умури давлат ба дасти Субқарӣ гузашт. Эшон ба сипоҳ бахшишҳо доданд ва ҷомаҳо пӯшонданд. Ва маро барои узрхоҳӣ аз ин таъхир ба назди амирам фиристоданд....
Амри Лайс дар андешаи худ банд меафтад ва ҳузури Ҳафс ибни Умарро билкул аз ёд мебарад. Гӯё Алӣ ибни Лайс нигини қудратро гирифтааст. Гӯё ҳанӯз ҳам зи дунболи ӯст. "Кори қазо буд, туро айб нест... Кори ҷаҳон аввалу охир якест - Завол!.." Ҳафс ибни Умар гоҳ аз гоҳ аз хилоли андешаҳо бо худ ҳарф заданашро мешунид. Чӣ ҳоли ғарибу риққатоваре дошт. Нигоҳаш ба мисли сайди қафас буд: номурод, фурӯғи умедаш бенур гашта, ба мисли шиша кӯр гардида. Ҳафс бо сари остин ашкашро, ки беихтиёр аз мушоҳидаи аҳволи Амри Лайс гулӯгираш шуда буд, пок сохт, вале натавонист садои ҳиқ заданашро хафа намояд. Амр бо азоби як пири солхӯрда, базӯр аз ҷой хест. Ва калов-калов ба сӯйи дар рафт. Пойҳояш қудрати ӯро бардоштан надоштанд. Ҳафсро ҳангоми аз сари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ