Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
роҳаш як тараф истодан мушоҳида кард.
Амр: Ту ҳанӯз ин ҷо ҳастӣ?
Ҳафс: Амирам ҳар чӣ фармоянд.
Амр: Баргард. Ба ишон бирасон, ки Амр озод аст.
Ҳафс: Ман бо амирам ин ҷо мемонам. Хизмат мекунам.
Амр: Бандаи озод аз қайди ҳамаву ҳама чиз растааст.
Ӯ эҳтиёҷ надорад, ниёз надорад, умед надорад. Озод аст. Ҳамин тавр бирасон. Озод! Акнун бирав, ки ин ҷо танҳоӣ хоҳӣ кашид.
Ҳафс ибни Умар эътироз кардан мехоҳад. Вале Амр бо ангушт рӯйи лабонаш бурда, ӯро манъ мекунад.
- Маро на Исмоил, балки ишон шикаст додаанд!
Ва аз ангушт нигинро бароварда ба Ҳафс медиҳад. - Ба Муҳаммад ибни Васиф бидеҳ ва бигӯй, ки қиматтар чизе бо худ надорам. Ганҷам ба тороҷ рафта, вагарна бахшишро зиёд мекардам. Бигӯ, ками моро ивази зиёд бипа- зиранд.
Ва худ ба худ шеъри Муҳаммад Васифро такроркунон аз назди Ҳафс ибни Умар меравад.
..Буду набуд аз сифати эзад аст,
Бандаи дармондаи бечора кист?..
Ва садояш дар поёни даҳлез қатъ мегардад. Ҳафс ибни Умар ҳанӯз дар пояи палланд часпида буд.
Ҳафс: Дил аз ин ҷаҳон баргирифтааст...
ВАҚТЕ Амри Лайс бо авзои парешон ва андешаи маш- кук ба толор баргашт, ҷуз Абдуҷаббор ибни Ҳамза касеро надид. Пирмард дар кӯзаи андешаҳояш пинак рафта буд. Ҳанӯз аз Абуюсуф дарак набуд.
Амри Лайс: Парвариши гургҳои пир вақти амирзодаро зиёд мегирад,
Абдуҷаббор ибни Ҳамза дар аввал чизе нафаҳмид ва баъди чанд лаҳзае гӯё чизе ба хотираш расида бошад, даст сӯйи осмон бардошта “а-а!” хитоб кард.
Амри Лайс ба назди панҷара рафт, то дар чорбоғ ба чӣ кор машғул будани Абуюсуфро бубинад. Вале ӯ дар ҷое аз чорбоғ наменамуд. Фақат оҳуи пир тани танҳо дару- ни дарахтону рӯйи сабзаҳо мечамид.
Амри Лайс: Оҳуи пир танҳо мечамад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ