АХТАРОНИ АДАБ

Сонӣ пойидани роҳи ҳокимашонро аз ҷониби Ширбадан баҳона кунанд.
Дар ҳақиқати амр онҳо аз ҳокими худ фармони дигаре гирифта буданд.
Қушбегӣ ва девонбегӣ аз ҷавоби даҳбошӣ қонеъ ва хотирҷамъ шуда ба роҳашон рафтанд.
Амир Музаффархон он рӯз, чоруми сафари соли 1303 ҳиҷрӣ, пагоҳӣ аз забон монда буд ва шаби панҷуми сафар (30 октябри соли 1885 милодӣ) мурд.
Ҳамон соат Ҷаббор ном маҳрам–даҳбошии қушбегӣ бо фармони махфии ӯ ба сӯйи шаҳр, ба қароргоҳи сарбозони шаҳрисабзӣ асп давонд. Он сарбозон чодирҳошонро дар беруни дарвозаи Самарқанд задаанд, ҳама дуздон, авбошон, каллабурони зархариданд. Қушбегӣ дар бобати қатлу ғорат аз онҳо дилаш пур буд.
Чанде аз маҳрамони хоси амир ба марги ӯ доду фиғон бардошта буданд, ки Остонақул онҳоро ба навкарони худ фармуда дар таҳхонаи қаср ҳабс кунонд. Ӯ мехост, то аз Кармина ба Бухоро омада бар тахти аморат нишастани Аҳадхон ҳар навъ карда вафоти амирро аз халқ пинҳон дорад, то ки дар пойтахт фитнае рӯй надиҳад ва аҳли фитна даст ба ғорату яғмои хазинаи амир назананд.
Эҳтиёткории бий–додхоҳ беваҷҳ набуд. Ҳамон бегоҳ, ҳанӯз пеш аз вафоти амир, Исмоилбои закотчӣ аз шаҳр ҳаросон омада ба арз расонд, ки дар вақти ба муллоҳо пули вақфро тақсим карда дода истодани ӯ дар бозорчаи пеши арк як дарвеш омада аз вай панҷоҳ танга талаб кард, закотчӣ ваҷҳ пурсид, дарвеш гуфт, ки «амир нест, ҳама чиз аз они мост». Чашмҳои дигар мардуми дар пеши арк ҷамъомада ҳам беҷо буд. Исмоилбой тарсида, ба дарвеш ду танга дода, худаш гурехта ба арк даромад. Дар он ҷо ӯ хазинадорро наёфта, бақияи пули авқофро оварда ба Муҳаммадшариф-девонбегӣ супурд. Қушбегӣ бо маслиҳати Остонақул ба сарбозони дар пойтахт буда фармон фиристод, ки фавран ҳамаи майдонҳоро ишғол кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё