АХТАРОНИ АДАБ

Гулъизор, Ҳасан ва Давлат паррон омада ба падарашон овехтанд. Восеъ ҳар сеи онҳоро ба синааш пахш карда аз сару рӯяшон бӯсид. Дар чашмонаш ашк ҳалқа зад.
Он бегоҳ ва шаб шодии гӯё дербоз роҳи хонаи Восеъро гумкарда боз ба меҳмонии онҳо омад. Восеъ дар сари роҳаш аз Ховалинг биринҷ ва гӯшту равған харида оварда буд, Аноргул палав пухт. Аз лингаҳои Восеъ ва Назир қанду наботи савғотӣ ба рӯйи дастархон чида шуд. Чақ– чақи дилафрӯз, хандаҳои хушҳолӣ то дили шаб дар хона танинандоз буд. Хушнудии расидани ба ватан ва шодии дидори аёлу фарзандро ҳатто нақли воқеаҳои ғамангези сафари Восеъ ва саргузашти аламноки Назир ҳам халалдор карда наметавонист. Акнун он саргузаштҳо саргузаште буданду бас, онҳо бе ҳасрату надомат ҳамчун афсонае нақл карда мешуданд.
Аноргул ва бачагонаш дар рӯшноии хираи чароғаки сиёҳ медиданд, ки Восеъ як қадар худро гиронда, дар пешонӣ ва кунҷи чашмонаш чинҳои наве падидор гашта чеҳраи офтобхӯрда ва шамоллесидааш ранги сиёҳгунтаре гирифтааст. Меҳмонашон Назир ҳам ҷуссаи пештараи паҳлавонвораш хеле коста аст. Сафари пиёдаи дуҳафтаина дар роҳҳои дашту кӯҳу дара осон набуд. Аммо дуяшон ҳам шахшӯл, бардаму бақувват менамуданд.
Восеъ Ризоро пурсид: вай куҷост, чаро наменамояд?
Аноргул лабашро газида ба замин нигарист. Гуфт, ки Ризо баромада рафта буд, як ҳафта боз бедарак аст. Гулъизор дар аснои ин гап зуд бархоста худро ба чойнику пиёла андармон кард. Ин ҳаракати ӯ ва инчунин лаб газидани Аноргул аз Восеъ пинҳон намонд, вай ҳис кард, ки як гап ҳаст, аммо аз дидори зану фарзандонаш он қадар шоду хуррам буд, ки дигар ба ин нукта аҳамият надод ва пурсуков карда нанишаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ