АХТАРОНИ АДАБ

Давлат баъди ду рӯз омад. Ӯ як ҷавони заифмизоҷе буд, бо шунидани хабари ҳабси падараш ҳунгос зада гирист.
Ба пойи Восеъ ғалтида зорӣ кард, ки:
– Амакҷон, умеди ман фақат аз шумост, гӯед чӣ кор кунам? Отаамро ба туҳмат мекушанд!..
Вай шаб дар меҳмонхонаи Восеъ хобида, то саҳар нолиш карда баромад. Восеъро ҳам хоб набурд, ҳавосаш парешон буд. Фикр мекард, ки чӣ бояд кард, ба Назири бахтбаргашта чӣ гуна бояд мадад расонд? Магар, Давлатро ба Шаҳрисабз фиристонад? Аммо аз ин чӣ фоида, аз дасти ӯ чӣ ҳам меомад? Ин ҷавони содадил, ки дар умраш аз Балҷувон он сӯтар нарафтааст, бедарак сарсон мешавад. Ӯ куҷову ба он шаҳри дур рафта роғу рахнаи халосии падарашро ёфтан куҷо! Илоҷ нест, бояд ки худи Восеъ равад, аз аҳволи Назир хабар бигирад. Магар ӯ бо Назир аҳду паймон накарда буданд, ки агар ба сари якеашон мушкиле афтид, дигарашон ба мадади ӯ мерасад?
Пагоҳӣ Восеъ ба оилааш қарори худро эълон кард.
Давлат ҳам дар сари дастархон ҳозир буд, ӯ дар ғояти миннатдорӣ Восеъро оғӯш карда кӯдаквор гирист. Аноргул ва Гулъизорро ғами фироқи дар пеш истодаи шавҳару падар гирифт, дуяшон оби дида карданд. Ҳасан ва Давлати хурдсол ҳам агарчи ба маънии гап он қадар сарфаҳм намерафтанд, аз гиристани очаву апаашон ба кадом як кори хатарнок иқдом намудани падарашонро ҳис карда, ҳамчунин гиря бардоштанд.
Аммо зан ва духтари Восеъ ба қарору азми Восеъ эътироз накарданд: модом ки ӯ Шаҳрисабзравиро ихтиёр карда бошад, маълум мешавад, ки рафтанаш лозим будааст, ӯ худ беҳтар медонад...
Оила ва меҳмон ҳоло аз сари дастархон нахеста буданд, ки аз ҳавлии берун овози их–их шунида шуд. Ҳасан баромада дид, ки Ризо омадааст.
Сағира хиёнат накард, дар ҳаққи худаш бадгумониҳои мардумро якбора ботил карда баргашт. Ӯ ҳатто чоряк ман ҷавро дар кадом як осиёи сари роҳ орд карда оварда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё