МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
«Молатона касе наҳ назадааст. Моли хуб! Бед, эб-ба биёем!»
Оқибат Алойи зотӣ савдо шуд ва ба роҳ афтод: Сешанбе дар бозори Зери Ҳисор савдо шуд, чоршанбе дар бозори Шӯрча, панҷшанбе дар бозори Навобод, ҷумъа дар бозори Дупула, шанбе дар бозори Сӯҷина ва якшанбе дар бозори шаҳри Панҷакат. Акнун дастҳойи ботаҷрибайи даллолҳо ва ҳаннотону ҷаллобҳо дард мекарданд аз бардору зан. Ва нархи гови Алойи зотӣ чун доллари амрикойӣ ба пешвози иди рамазону иди қурбон бозорафзун ё «бардорад, зам кун!» шуда буд.
Дар як ҳафтайи мусофирӣ равғани гов об шуд; чашмонаш алотар гаштанд аз танаш. Устухонҳойи атрофи думу думғозааш чукка заданд ва пӯсти зери гулӯ, таги шикам ва синааш овезон гаштанд. Бо атола хӯрондан ҳам пӯсти ба устухон часпидааш ковок намешуд.
Душанбе рӯзи истироҳати бозорҳойи мол ва дамгирийи чорво буд. Аммо Алойи зотӣ аз бозори шаҳр то бозори Зери Ҳисор бозпас роҳ паймуд. Акнун қабурғаҳояш рӯ зада буданд. Шуморидан имкон дошт.
Даллолҳойи сешанбебозор ҳамроҳи Ало дар ҳама бозорҳо буданд. Ҳоло дасти соҳиби нави Алоро нагирифтанд, балки часпиданд ба говҳойи навдаромад. Як говхоҳи кӯҳистонӣ Алоро харидор шуд баройи говдорӣ кардан. Зеро Ало аз дасти аввалу охир гузашта, қимматтар аз аввала савдо набояд мешуд. Ало бӯйи марди кӯҳистониро шунида, ба сӯяш чашмони алогаштаашро дӯхт ва мӯя кард: «ҳммм...» Зеро дар ин муддат Ало озодийи чарогоҳи Саратоғу Қаратоғ ва омадшуди роҳи ноҳамвори кӯҳистону шаҳрро муқойиса мекард ва дилаш ба марғу сардобаҳойи боло гум мезад. Агар бори дигар то шаҳр рафта ояд, Худо донад то ин бозор расиданашро.
Сонӣ соҳиби нави нодон ба корд расонад ё на. Гӯшташро фурӯхта ҳам натавонад. Даллол ё корчаллоне лозим, ки пӯсташро дам накарда, биканад ва гӯшташро ба қассобхонае барад; қассоби ошно арзон харида, ба гӯшти ягон моли парворӣ сарборӣ гардонад.
«Маро бихар, марди кӯҳистонӣ. Аз дасти даллолу ҷаллоб халос бикун, хизмататро мекунам...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё