Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ҳама чизро фаҳмидӣ-а? Ман як дам ғанав мекунам.
Лекин ӯ ғанав накард; рафтору кирдори усторо аз миёни мижгон менигарист.
Усто – монтёр почанг ба по кашид ва занҷир ба миёни худу симчӯб баст ва қасдан садо дода, қади симчӯбро боло шуд.
Гоҳ-гоҳ бозистода сӯйи почо менигарист ва боз пой боло мебурд.
«Почо, хобатон бурд?!»
Почо шунида бошад ҳам худро ба хоб зад.
Усто чанде ҷангар-ҷунгур боло рафт боз садо кард:
«Почо, хобатон бурд?!»
Саҳл монда буд, ки почо кӯдакона «ҳа» гӯяд. Худдорӣ кард. Аз миёни мижгон мепойид, то ӯ чӣ кунад?
Ӯ рӯбоҳвор сар боло карда ба шишайи 500 волта менигарист ва даҳонаш об мекушод. Дастрас боло шуд ва шишаро тоб дода гирифт; даруни курта андохт. Бори дигар ба почо нигарист ва оҳиставу бесадо фуромад. Почанг кашид. Ба ҳар сӯ нигарист ва назди танӯри самбӯсапазийи даҳонболо рафт.
Ва лампочкаро даруни танӯр гузошта, бо коғазҳойи он ҷо буда рӯпӯш гардонд ва боз назди симчӯб омад.
«Почо! Почо! Хоб?»
Посух нашунид. Баданаш арақ баровард. Боз ба симчӯб баромад. Аз он ҷо дод зад:
– Почо! Ҳӯ почо!
– Чӣ мегӯйӣ?!
– О, ин шиша шикастагию?!
– Ку намо!
– Партофтам!
– Ку биёр!
Ӯ ба замин омад. Аз буни деворе шишайи шикастаеро аз гардан дошта овард.
– Ин шишайи шароб-ку?
– Ба худо ҳамин буд, почо! –Гардани усто – монтёр лиқӣ каҷ шуд.
– Даруни танӯрро хабар гир, як лампочкайи нав ҳаст.
– Ӯҳ! Гаравро бурдам!
– Чӣ хел гарав?

пешина
аз 344
навбатӣ