МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Ман бо як кас гарав бастам, ки «Бахудо, почоя фиреб дода шавад!»
21.09.07.
ДАСТНОРАС
Кӯдакро телефони мобилӣ ба даст доданд, то андармон гашта, хап шавад. Ӯ тугмачаҳо пахш мекард. Боре «гуд-гуд»
карду хомӯш гашт. Бори дигар садойи дағал омад: «Куҷо занг мезанӣ?»
Телефон аз дасти кӯдаки тарсу парида ба лаби марза зад ва ба тағорайи пӯчоқи говхӯр афтод. Кӯдак ноогоҳу ҳавасманд андаке хам хӯрда ба тағора менигарист, ки гов аз пода омад ва пӯчоқу порагӣ аждаросо дар кашид. Андаке пас гов бетоқат шуд ва ба бозӣ даромад. Чун аз шикамаш садойи одамӣ меомад: «Говону харони борбардор, беҳ з-одамиёни мардумозор!» ба рақс медаромад.
Модар аз хона баромад. Рақсу бозийи говро дида тааҷҷуб кард. Гиряйи кӯдакро шунида ҳайрон шуд. Завқ ба ғазаб гузашт: «Девона шудааст ин гов...»
Кӯдак говро бо ишорайи ангушт намуда «у-у» мекард ва даст ба гӯш меовард.
Падар омад: «Занак, телефонат дар куҷо? Занг мезанам.
«Дастнорас!» мегӯд.
– Чӣ кор кардӣ, телефона?
Кӯдак боз говро ишора кард.
Зан телефони шӯро гирифта занг зад.
«Дастнорас! Дастнорас! Баъдтар занг занед!»
21.09.07.
НОН БОШАД...
Ҷавонписаре сиёҳҷурдайи лоғар ҳуҷраҳойи бемористонро дар ба дар гашта, нон металабид.
Ногоҳ садойи фаррошзани солхӯрдаву лоғар баромад:
«Дафъ шав аз ин ҷо! Тез гум шав!» Ҷорӯб баланд бардошта таҳдид кард ва маро дида рӯ овард: «Ҷӯгибачча ин. Дарҳоро кушода менигарад. Ҳуҷра бекас бошад, ягон чизро мебардорад. Одам бошад, нон металабад». Ҷорӯб ба кунҷ андохт. Чӣ дарду алам дошт, рӯ овард ҷӯгибаччаро талха дода: «Нун!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё