Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Нун!... Нон бошад, худамон ҳам хӯрда метавонем...»
22.09.07.

ДАСТИ ХОЛӢ
– Шумо буромадед. Як мардаки қоматбаланди базеб омад.
Пурсид.
– Пурсид? Боз чӣ гуфт?
– Ҳеҷ чӣ. Ду дасти холӣ омада буд.
– Ҳааа, ӯро дидам. Ҳамкасабаамон. Дар поён хоб...
– Гуфта-а-ам: ин қадар ба шумо монанд...
22.09.07. Кохи «Дил».

САРИ БОРА
«Чӣ дунёе? Намефаҳмам... Наход мо то ҳамин ҷо расида бошем? То сари бора... Ъод ё Авҷ бошӣ ҳам, қадам монда гузашта наметавонӣ. Давр зада гузашта ҳам намешавад: Замин бо алмоси азим рост буридагӣ барин, он тараф ҷаҳаннам; сиёҳ, тира, варта... Болу пар дошта бошӣ ҳам ба ягон дунёйи рӯшан расида наметавонӣ... Ҳамин будаст-дия... Оқибати ҳама чиз ҳамин хел зулмот будааст...»
– Ҳамсоя, ба дасти чап хестед?
– Аааа?
– Мегӯм, ба дасти чап хестед?
– Ҳааа... Баландтар гӯед!
– Мегӯм, ба кӣ мегӯед ин гапҳоро?
– Чӣ гуфтам, ки...
– ... тира, ҷаҳаннам...
– Ҳааа, пирӣ-дия, чишмам ба ҳеҷ чиз намегузарад... Ба назарам, ки пеш ҷаҳаннам ва он тарафи замин тира...
– Хаёл не, ин рост. Шумо файласуф.
– Аааа?
– Шумо аз ҳад доно!
– Гӯра. Нав ба ҳаштоду се қадам мондам...
– Ҷуғрофидонҳо, астрофизикҳо ҳам чени шумо намедонанд.
– Гӯра. Чор сомонӣ пенсия медиҳад. Мурдапулӣ ҳам намешавад... Рост мегӯед: мурдапулиро бардошт. Лекин одам то мурдан бояд хурад.

пешина
аз 344
навбатӣ