Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ман дигар чиз мегӯм, холаҷон. Гапи шумо рост: Пешо – пеши Офтоб ҳам, пасо-паси он ҳам тира...
– Ҳамин Офтоб ҳам пушту рӯ дорад ё дурӯя?
– Дурӯя нею... Пешро ҳам, пуштро ҳам равшан мекунад.
Худатон мебинед-ку?
– Аааа?
– Маълум-ку?
– Маълум не-дия!

АНДАРУНИ ҚОБ
Бо кадом роҳ ба чунин мартаба нойил шуд, худаш донад.
Чунон шоду хуррам, ки рӯзи висол чунон набуд. Ростӣ, дар базми оншаба он қадар суханони хубу орзуҳойи ширин карданд, ки то ҳол Висол мехоҳад бори дигар базми висол орояд.
Онҳо орзӯ карда буданд, ки Висол чӣ армоне дорад, ба он бирасад. Ҳамчунон шуд: ӯ ҳоло ҳокими як вилоят. Ҳар коре карданӣ бошад, ба ҷо меорад; баъзан ба сарвар тақлид ҳам мекунад. Ҳоло дар девори пушти сараш сурати Сарвар. Чун табақайи якуми дари дуқабатаро кушояд, миёни ду дар бар остона андаке бозмеистад; гӯё аз фикри зиёди андаруни мошин тамоми роҳ кардааш хаста шудааст, нафас рост мекунад.
Дар асл бо гӯшайи чашм ба котиба менигарад, боз ягон мизоҷе бошад, намойиш доданӣ шуда қабати дигари дарро мекушояд ва сӯйи сурати андар қоб нигариста, зайле ки сурат лабханди озод дорад, ӯ низ механдад, то бинанд; онҳое, ки дар қабулгоҳ ҳастанд, бубинанд. Агар касе набошад, ягон ҳаракате накарда – хандаву салом ё сар наандохта, рост рафта, пушт ба сурат гардонда менишинад. Пеш аз он ки бо корҳойи идора машғул гардад ё ягон корафтодаро бипазирад, аз хусуси сурат зиёд меандешад ва хаёлан сурати хеш андаруни чаҳорчӯба мебинад. Сурат он суратҳоеро монад, ки намойишгарон дар ҷашну идҳойи Бузург ёздаҳ адад чунин сурати муҷаллоро тори сар бардошта аз майдон мегузаштанд ё дар ҳама идорайи муассисаву корхонаҳо шишабанд мекарданд.
Кас ҳар сӯе гузарад ин суратҳо бар асари ӯ дида дӯхта то пинҳон гаштан чашм намеканданд. Ҳолиё волӣ намехоҳад, ки сурати Котиби аввал андар паси сари ӯ бошад, балки мехоҳад рӯ ба рӯ тори дар бошад.

пешина
аз 344
навбатӣ