Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳар гоҳ, ки сар аз коғазҳойи имзо бардошта ба ӯ нигарад, бояд бо аломати сар миннатдорийи хешро изҳор кунад; ё гоҳи дарро беҷуръатона боз карда даромадани муттаҳаме ё тарсуе. Сахт эҳтиром дорад ба доҳӣ. Зеро ҳама чизро аз ӯ омӯхтааст; ҳатто либоспӯшиву сару тан росту қойим дошта каҷ-каҷ нигоҳ карданро; дар сару дил чӣ андеша дорад, бо чунин нигоҳ ҳувайдо сохтанро; ҳама – ҳамаро; инчунин роҳу тарзи зиндагӣ карданро... лекин доро шуданро шояд волиҳо ба ӯ омӯхта бошанд. Ҳама корҳо дуруст ҷараён доранд. Лек як чиз намерасад: сурати худаш андаруни чорчӯба дар тори дар ё паси сар. Чунин суратро дар девори хонайи нав овехтааст, аммо ҷуръат намекунад, ки ба идора оварда пушти сари хеш ба ҷойи сурати доҳӣ овезад. «Рӯзе мерасад чунин фурсат». Тугмачаро пахш кард, котиба даромад: «Лаббай муҳтарам...»
– Мудири хоҷагиро...
Чун мудири хоҷагӣ хандида даромад, волӣ фармуд бо нарангушт аз сари китф ба сурати девори паси сар ишора карда:
«Сурати доҳиро аз паси сари ман канда, рӯ ба рӯям мезанӣ!
Ба он тараф!» – тори дар ангушти ишорат тир кард.
– Ба назари ман, ҷояш хуб, райис. Баробари аз дар даромадан...
– Гапгардонӣ накун! Ин сурат дар ҳама ҷо ҳаст. Лекин ман дар ҳама ҷо нестам.
– Фаҳмо, райис!
Чанд муддат паси сари волӣ дар девор қолаби чаҳорчӯба ва як мех боқӣ монд. Волӣ ҷуръат намекард, ки сурати бузургтар ва равшанашрро дар он мех овезад.
«Гир аз пеши назарам! Пушти сарам бинад! Ин суратро дар бисёр ҷойҳо месӯзанд; поймол мекунанд...»
Ин фармони хаёлӣ буд дар ғайби мудири хоҷагӣ; ва навъе тамрин, ки баробари аз дар ворид гаштани мудир гӯяд, аммо забон мегазид, ки аз ду нафар яке мухбир дар ин замона.
Мудир омад. Волӣ сар тофта ба мехи девор нигарист ва фармуд:
– Ба назарам ҳар каси аз дар омада аввал ба он мех менигарад, сонӣ ба ман.

пешина
аз 344
навбатӣ