МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Гуфтам, бовар накардед.
– Чӣ гуфтӣ?
– ... ки ҷояш нағз.
– Нағзу як фикр буд, нашуд.
– Мешад, райис. Ҳоло барвақт.
– Ту аз куҷо медонӣ?
– Наход ман надонам! Дар таги замин мор ҷунбад, ман мефаҳмам. Нияти шуморо ҳама медонанд. Ҳатто райиси Калон...
15.11.07.
ОҲАНГИ ФАРМУДА
Шодӣ гӯяд: – Райиси кумитайи иҷроияйи Кӯҳистон ба Пойтахт меояд ва дар тарабхонайи ошно шом мехӯрад. Тарабхона ҳамон, вале оҳангаш дигар: лаълӣ ба лаълӣ мезананд ва кӯба ба нағора. Чӣ мехонанд, намефаҳмад. «ин хел набудку. Наход дар чанд вақти дер омаданам то ин дараҷа пеш рафта бошанд? Назди навозандаву сароянда меравад: «Ягон чиз хонед, ки мо ҳам фаҳмем, лаззат барем».
– Пул доданд, фармуданд. Мехонем.
– Ман ҳам пул диҳаму фармоям, иҷро мекунед?
– Чаро не?
– Ана ин пул. Гиру на навоз, на хон!
Ороми ором шуд толор. Лек дар гӯшу устухони сар ҳанӯз садойи оҳанги бемаънӣ ва овози сарояндайи дунбаҷунбон ҷарангос мезад чунон ки ҷаранги гӯш авҷ гирифта ва пасту хомӯш мегашт. Садойи ба тақсимчаҳо бархӯрдани корду чангак ва чиқ-чиқи қадаҳ шунида мешуд. Баъди шиддату фишор лаҳзае роҳат ҳам шуд. Дар чунин оромӣ бӯйи шаробу тамоку қаҳваю шакалод, чойи кабуд, сиёҳ, бӯйи хӯрок мерасид ба машом ва бӯйи сӯхтаҳойи ошхона низ, ки зери мағалу оҳанг ва овози сароянда, ки оҳанг аз саро ва саро аз оҳанг боло гирифтан мехост, биниву забон бӯю лаззатро эҳсос намекард.
Ҷуфтони баройи дилхушӣ омада низ назди гурӯҳи ромишгарон омаданд:
– Чаро наменавозед?
– Пул доданд, фармуданд, то нахонем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё