Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Мо ҳам пул диҳем, фармоем, менавозед, мехонед?
– Чаро не!
– Ана ин пул...
– ... лекин то рафтани ҳоо он кӯҳистонӣ, хондану навохтан ғайриимкон...
16.11.07.

ЗОНУШИКАН
Ӯ аз раҳи дур омад; ба ҷое, ки хуни нофаш рехта буд; сайри олам карда баргашт; гӯё оламро дид, аммо ҳоло фарози кӯҳтали Зонушиканро набаромадааст. Ватани худаш бошад ҳам, чанд бор то наздаш омада дида бошад ҳам; тангнову Санги Лағжону Оби Борикро ба ҳазор машаққат гузашта бошад ҳам ба домани ин кӯҳтали Зонушикан расида андеша кард, ки сад ҷувол ҷон лозим, ки ин фарози шахи лайсро баройӣ. Санги Лағжон ба хаёл чун пули сирот, навъе карда дилғеҷу дунбасо; ҳазор бор пой мондаву санҷида; дастро ҳам пой сохта, вазн бар он андохта, ғеҷида-ғеҷида гузаштан имкон дорад; қад-қади Оби Борик ҳам, ки аз тангно базӯр мегузарад, гурбасурат дарозу борик гашта убур кардан мумкин.
Аммо чун ба пойгоҳи Кӯҳтал расидӣ, ноилоҷ мемонӣ. Гӯё ин фароз ҳамон шахи лайси «қиёмат» бувад, ки гови афсонавӣ шаби дароз шахро лесида қариб ба саргаҳаш мерасад, бомдод садойи муаззинро шунида, чаппа гашта ба зер мезанад ва боз шаби дигар ба он машғул мешавад ва садойи муааззин бомдоди дигар говро аз нияти бадаш мегардонад, то қиёмат нашавад; зеро муроди гов он аст, ки ба рӯйи олам барояд; қиёмат шавад ва замин чун кафи даст ҳамвор гардад... Аммо мақсади ӯ ин хел нест, ки Зонушиканро барояду қиёмат шавад; на, чунин нест. Балки «ҳар кас пур азобу шиканҷа кашида, аз пой монда, бо нохуну дандон шахи Зонушиканро харошидаву газида ба тораш барояд, ба мурод мерасад». Ӯ бо чунин ният ҷаҳонгардӣ кард; диду омӯхту донист; донову тавоно гашт ва азм кард барояд ин фарозро; зеро баройи тор расидан роҳи дигаре нест; тарафи рост зови Марг; тарафи чап шахи осмонбӯс; миёни ду шах боз Оби борик, ки аз фарқ об алмососо бурида-бурида танҳо обгузар сохтааст, одам гузашта натавонад магар паррандаву мор.

пешина
аз 344
навбатӣ