Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Як роҳ – Зонушикан.
Ҳарчанд нияташ нек аст; мурод мехоҳад; боз хавф дорад: мабод, ки ҳамонанди Гови афсонавӣ аз гардана чаппа гашта ба ҷаҳаннам занад. «Ба номи Худо!» азм мекунад ӯ. Чанд қадам мегузорад, ки зонувонаш ба ларза медароянд: «Ин ҷо сеҳри дигар бояд бошад. Бе мақсаду мурод набояд кас ба ин ҷо биёяд». Сар то пой ба арақ меғӯтад. «Ният чист? Мурод чист аз ин қуллабаройӣ?» Рамузфаҳмон ва авлиё гӯянд, ки нияташ поку ҳадафаш аён бошад, кас мебарояд ба тор. Дар ҳар замон нафаре пайдо шудаанд, ки ба қулла расанд. Фиребгарону қаллобон ягон вақт ба мурод нарасидаанд: меафтидаанд ё сарозер рафта дасту пой ё гарданашон мешикастааст; аз ин рӯ одамон майли Зонушиканро баромадан надоранд. Аммо ин одам азму ҷазб дорад: зонувонаш шикастанд; дигар мадор, ҳанги боло рафтан надорад. Он ҷо нишаст; дар нимароҳи Зонушикан, лек пойҳойи бараҳнаву хуншораш аз шах канда шуда ба пас назад, балки чун оҳан часпид ба оҳанрабо, ё хун ба девор: на нишеб мешуд, на фароз мерафт. Ба поён менигаристу ба боло, сарҳисоб ба чизе намерафт. Сахт арақ карда буд ва метарсид, ки пойҳояш тар шуда аз танайи шах налағзанд. Дар алди биҳишту дӯзах аст; рӯйи пули сироти аз мӯй борику аз алмос тез. «Наход охири роҳ бошад?» Ба тор менигарад; чунон ки дар кӯдакиаш ҳамин хел сар боло карда ба лонайи уқоб менигарист дар орзӯйи чӯҷаҳояш, ки дораду ром кунад ва ба мурод истифода барад. Валек он замон ҳам лона чунон баланд буд, ки то осмон расидан осонтар менамуд. Ҳолиё ба камол расидааст ва азмаш ҷиддист, то фарози шахи ойина паймояд. Чун хобу хаёл намефаҳмад, ки ба ойина часпидани пояш рост аст ё чашмбандист? Инак бояд нохуни пой, нохуни даст ва даҳону дандонро ба кор барад: бо нохун шахро харошида кома кунад ва нохуни пой бар он гузошта мувозинат нигаҳ дорад ва даст болотар бурда боз нохун фӯлод гардонад; оҳиста-оҳиста боло равад. Валек чунон душвор ва тӯлонист ин кор, ки умраш бақо кунад ё на? Канавор часпида буд ба шах. Зери нохунҳояш хуншор ва танаш арақшор то шом чанд кома канд ва танро фарошо гирифт, ки шаб дар ин ойинайи лайс часпида мемонад ё хобаш бурда гамбусквор ғелида, ба ҷаҳаннам меравад?

пешина
аз 344
навбатӣ