Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Тасмим гирифт, ки хоб наравад; худро пучидаву газида хоб гурезонад, то мурод ҳосил гардад. Ҳама ҷонбозиву ҷонканӣ баройи ҳамин аст, ки кас ба мақсади дар пеши худ гузошта бирасад; вагарна аз шах парида як тубра гӯшт шудан авлотар аст. «Худо нигаҳдор...»
Аз зови касногузари бадвоҳима садойи рӯбоҳ меояд; садойи бум ва баландтар аз садойи ӯ овози уқобмонанд, бо инсони танҳойи аҳди қуллапаймойӣ карда бо забони хеш ҳар чӣ мегӯянд, аммо одам суханони ононро намефаҳмад: шояд сано хонанд, шояд таъна зананд ё нафрин кунанд беақлийи ӯро.
Бояд сано хонанд чунин азми инсониро, ки аз кори ношуданӣ шуданӣ месозад; азму иродайи инсони қавируҳ шикастнопазир бувад. Ӯ хаста гашт; арақи танаш пурра шорида, кому забон ва ҳалқаш хушк шуд. Аз бемадорӣ хоб бар чашмонаш пирӯз омада, мижа таҳ кард ва оне ғанав. Шояд садойи мушонайи харош-хароши нохунҳо низ бошад, ки ғалабайи хобро нафаҳмид. Пойҳо дар кома, нохунҳо андаруни санг чашмонашро гармийи хоб бурд... ва канда шуда, фурӯ рафт.
Қариби ба замин задан бол кушод. Уқоб шуд ва боло парвоз кард. Давр гашта-давр гашта баландтар мебаромад ҳама ҷоро тамошо карда ва ҳамон канайи танайи шахро дид, ки чу мурда пой дароз кардааст. Уқоб боло баромад ва бар боми Зонушикан нишаст, ки танҳо сараш ба одам рӯ ба рӯ буд. Ӯ бедор шуд аз садойи пуртаҳлукайи хеш ва пойҳо кашол дид аз кома баромада. Аммо зеҳи нохуни дасту пой месӯхт: нохуни пой аз талвосайи наафтида санг харошидан, нохуни дастҳо аз талвосайи зиёду ба мағзи санг фурӯ рафтан. Пойҳо аз кома баромада, нохуну ангуштони даст кашшак бар санг шудаанд. Ба худ омада садойи таппиши дилашро аз мағзи шах шунид. Рӯйи бар санг парч гаштаашро оҳиста бардошт, то вазни пой гаронӣ карда фурӯ наравад. Илоҷе карда бо тарсу ҳарос пой боло кашида ба кома устувор кард. Дасту пой ва вуҷудаш ба ларза даромад. Садойи пасту беҷони дандон ба дандон задан ҳам баромад. Вале ӯ ҳама рагу пай ҷамъ карда дандон ба дандон монда фишурд. Сӯйи қулла нигарист. Ҳанӯз торик буд ва уқоби он ҷо нишастаро надид. Вале зери пардайи сапедадамон дар сари шах танайи борики дарахтеро монанд ба мори сарбардошта дид, ки на шохча дошту на барг.

пешина
аз 344
навбатӣ