Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Сари он ба кафи пойи обварзидаҳо мемонд, ки гоҳи рақси обӣ худашон зери обу ду каф кафлесак бурун аз об медоштанд. Рӯяш ҷониби одам, ду бари сари он болсурат гашта: «Марги яқин». Сонӣ чунон ки бод наррагийи сучро ҷунбонад, такон хӯрд. Боз қарор истод. Равшантар мегашт фазо. Он сиёҳийи кафлесаш сарболо гузошта низ аён мегашт. Гӯё нав чашмаш ба одами дар танайи шах часпида афтида, осема гашт, ки луқма пайдо кард. Одамӣ низ нав онро шинохт: аз ҳамон морҳойи сиёҳи одамхӯр; аз қабили барраву бузғолахӯр, ки осебу зиёни зиёд расонидааст: «Чунин будааст тақдир; аз сад ҷон як ҷон халосӣ надорад; қуллайи мурд ҳамин будааст. Кир-кири гӯшхароши шабона ҳам садойи ҳамин бадранг будааст. Шаб надида будааст, вагарна...» Инак беқарор алвонҷ хӯрдану ба фаш-фаш даромадани афъӣ сахт безобита гардонд одамро. Ҳуҷумовар гардад ё заҳр пошад, одам ноилоҷ мемонад; то ба заҳри таллоғуйи он гирифтор нагардад. Ҳарчӣ бодо, бод! Нохуну ангуштони чангак гаштаашро раҳо мекунад. Пас Худованд чӣ фармояд... «На, бо дандон мегазам онро...» Болотар аз мор чашмаш ба уқобе афтод, ки шаб дар хоб дида буд; худаш буд он уқоб; афтида қариби ба ҷаҳаннам расидан бол кушода уқоб гашта буд; ин ҳамон уқоб худи худаш. Уқоб безобита буд ва бол ковок мекард, ки паррад. Боз ҷамъ кард боли хеш. Вале парешон ба ҳар сӯ менигарист ва ҳозирбош буд. Ин дам мор ба замин хам хӯрд; чени қадаш пеш хазид ва боз аз миён болоро бардошта нигарист ба одам, ки истодааст ё чун келас гурехтааст? Чун кафи даст кафлесак шуд сараш; баландтар фаш-фаш кард, ки оташ аз даҳон мебароварда бошад: «Худоё чӣ балое буд? Ман мақсаду мурод доштам. Беҳуда Зонушиканро тай карданӣ набудам. Ҳар кас Зонушиканро барояд, ба мурод расад, мегуфтанд. Як қадди одам монд. Худо хоҳад, мебароям. Азоби гетӣ кам буд, ки бало омад ба сарам...?» Ва уқоб якбора садойи гӯшкар баровард, ки дар хоб дида буд.
Мор тарсид аз ин наъра ва ларзиду баландтар нафас баровард ва чун обпошаки шишашӯйи мошин заҳраш пош хӯрд ҷониби одам. Ва уқоб аз азми ҷазб ва ташвиши он чӣ рамуз гирифт, ки якбора биҷасту сар-сари шахчаҳойи Зонушикан чархболосо омад ва хам хӯрду ба ҳаво боло шуд.

пешина
аз 344
навбатӣ