МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Дар чанголаш мор алвонҷ мехӯрд ва ҳарчанд зӯр мезад, ки уқобро газад сараш намерасид ба пойи уқоб. Вале якбора раҳо ёфт аз чанги уқоб ва фурӯ рафт. Уқоб пару бол ғундошта сангвор ба дунболи мор рафт ва чанг зада боз боло баромад. Давр гашт – давр гашту морро раҳо кард ва мор рост бар харсанге омад.
Бархӯрду наҷунбид. Уқоб якмаром бар сари мор нишаст ва ба чор тарафи шахбанд нигариста, орому осуда дарёфт ҳама ҷоро. Нӯл ба айнаки мор зада бурун кашид...
... ва як бор сӯйи одам нигарист, ки ӯ чун хазанда тани хеш бар танайи шах сойида, боло мекашад...
21.12.07.
ОБСОФКУНАК
Одами як умр орзӯйи райисӣ дошта ба мурод расиду девона шуд. Чандон обрӯву эътиборе надошт райисӣ; зеро райисони пешин ҳама чизро талаву тороҷ карданд; чунки ҳокими
ноҳия маслиҳат дода буд, ки ҳама чизро ба пул зананд ё бартер кунанд. Ҳамин хел шуд: бартер карданд; ба даммаву обшикан сарф шуд; ба офатзадагон ёрийи моддӣ карданд; деҳадеҳа мардумро аз деҳаҳойи хароб ба биёбонҳо кӯчонданд; андоз шуд, ки ҳар колхоз ё хоҷагӣ як ё ду кулба пӯшонад баройи фалакзадаҳо. Чун колхоз монанди саги фермайи мол
танҳо монда, ба кун нишаста буд, маҷбур шуд, ки сарое, ё
ягон ғилдираки техника монда бошад, фурӯхта ин корро сомон диҳад, ҳеҷ илоҷ набошад, замин фурӯшад. «Замин
фурӯхта намешавад!» «Дар мо мешавад; дар зарурат раво бувад!» ва сар шуд заминфурӯшийи тагитоқигӣ – сар раваду
сирр не. Вале сӣ сол боз Толиб харидори райисиву ҳеҷ бахташ намехандад: «Ман обод мекардам...» чун дигар талабгор
намонд; колхози «Хоҷагӣ» гашта, ҷуз аъзойи бекор, кас ё коре надошт, Толибро райис таъйин карданд. Вале касе намедонист, ки райисони пешин чӣ доданду чигуна доданд. Райис
шуд, ба орзӯяш расид, лек лабаш нашукуфт. Ба худ гирифтор
буд. Мардум гумон доштанд, ки ришва зиёд додааст ва аз
хоҷагӣ пайдое нест: аз амборҳо сӯрохи муш боқӣ монда ва аз
техника як кабинайи маҷақи мошини Газ-53-и аз садамайи солҳойи шастум боқимонда, ки одам кушта буд; таърих.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё