МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Баройи он маҳз он кабинайи мошини одамкушро ба маърази тамошо гузоштаанд, ки он солҳо бадтар аз ин кори ношойистае нашудааст. Ҳолиё фақат деҳа нофурӯхта мондааст дар қатори мурдаву зиндаҳо ва ҳамин кабинайи монанд ба устухони ҳазорсолайи фил. Райиси нав мошини осмонирангашро савор намешавад; умуман мошин наметобад. Мошини райиссавори хоҷагӣ ҳам нест; кадом райис гоҳи аз вазифа рафтан тӯҳфа гирифта буд. Ҳоким ба маҷлиси ноҳия даъват кунад, райисро ларза мегирад, ки чӣ хел рафта меояд; ё либосаш ҳамон костуми даврони донишҷӯйиаш, ки кисайи ду паҳлӯ хӯрҷинак гашта, дамида меистад; мардум гумон мекунанд, ки ганҷаш дар он ҷайбҳо. Аз мурдани як кас на хок сер мешаваду на дунё хароб. Лекин райис лоғар гашта буд, зеро хост ҳама аъзойи садоратро нав кунад, натавонист; мағал бардоштанд шаттоҳон, ки бе онҳо хоҷагӣ вуҷуд дошта наметавонад:
«Онҳо пур дидаанд, меъдаашон сер шудааст; як гушнайи гадоро ба кор мегирӣ, то сер мешавад, ки дунё охир мегардад; ҳа, дунё фано меёбад; зеро корҳое, ки ба вуқӯъ мепайванданд
– нишонайи охирзамон. Ҳафт пуштамон надидааст, ки заминро рустиву тозӣ фурӯхта бошанд. Лекин кашида гирифтани заминро, одамонашро кушта ё бадарға карда заминро миёна карданашонро бо чашмони худамон дидем...» Гургони борондида дар ҷойҳояшон монданд ва райисро дилдорӣ мекарданд: «Райис, андак дер омадед. Ин корро даҳ сол пеш кардан лозим буд: ҳама чиз дар ҷояш буд; ҳар кор кардан имкон дошт: худи ҳамон говҳойи аз Белорусия овардайи Бобоев бас буд. Ҳамон касро ҳам намонданд, ки кор кунад-э! Говҳойи овардаашро ба пояш заданд, ки ин говҳо дар шаройити мо тоб оварда наметавонанд. Лекин он говҳо дар ҳар деҳайи ноҳия тақсим шуда бит-бинойӣ гаштаанд. Фақат буққаҳоро ба қассобхона бурданд; акнун буққачаҳойи маҳаллӣ модговҳойи зотиро метозанд. Мову шумо барин райис!»
«Чӣ хел? Шумо...?»
«Неее, нафаҳмидед, райис: Буққаҳо сер шуда рафтанд, хоҷагӣ ба ману шумо барин буққачаҳо монд».
«Ту Ассом, хеши худам бошӣ ҳам, тафтиш мегузаронӣ, дафтари хоҷагиро муқойиса мекунӣ: колхоз чӣ дошту чӣ дорад; Агар надошта бошад, нишон медиҳӣ, ки куҷо рафт?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё