МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Ман ин корро кардан наметавонам, райис, чунки ҳамааш аз дасти худам гузаштааст. Аз боло фармуданд, мо иҷро кардем...
– Агар ин корро карда натавонӣ, як кори дигар бикун: Дар колхоз чӣ мондааст ва шумо ба ман чӣ месупоред?
– Ин корро ҳам карда наметавонам, райис, чунки колхоз ҳоло ҳозир ҷуз шумо касе надорад.
– Пас...
– Мо метавонем ба шумо як кӯмак кунем: Заминҳоро ҳарсола барин ба мардум медиҳем, баройи як гектар аввал 200 сомонӣ мегирем, даҳони баъзеҳоро ширин мекунем...
– Об несту? Насосро ҳам фурӯхта хӯрдеду, лӯлаву қубурҳояшро канда бурдеду? Ҳамин хел шуд, ки дунё охир гашт, дигар ин чизҳо, лозим намешаванд. Акнун хоҷагӣ зӯри як қубур харидан надорад; обкаш он тараф истад! Ҳамайи ҳаминҳоро дар санади тафтиш менависӣ. Дигар набинам, ки дар бехи деворҳойи кӯча ҷамъ шуда, тоқиро якшоха монда, қарта занед.
– Корро аз ҳамин сар мекунем, райис?
– Ягон хел кор нест! Ҳамаатон ба прокурор супорида мешавед!
– Ба дасти Эҳсон? Вай ҷӯрайи худамон. Сад кило гандум диҳед, дарёро чаппа мегардонад. Сарвари хоҷагийи «Замин»- ро ба бузбозӣ андохту. Қариб қарори Ҳукуматро чаппа карда буд. Он одам пухта баромад. Аз боло пеши обро баст...
– Бинед-дия...
– Зӯри беҳуда миён шиканад, райис. Райис шудед, муборак! Ба мурод расидед. Акнун дилатон чӣ мехоҳад, кардан гиред. Фақат порӯро накобед, ки бӯяш мебарояд.
– Хайр, ана шумо гӯед, ки чӣ кор кардан мумкин?
– Як роҳ ҳасту мушкил... Ҳама чизҳойи фурӯхтаро «хато шудааст» гуфта, гардонида гирифтан мумкин будагист.
– Хоҷагӣ пул дорад, баройи пули мардакро дода, баргардонидан? Ана пули ҳуҷҷатиашро колхоз дод. «Шапка»-йи гирифтаро кӣ медиҳад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё