Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Рост мегӯед, райис, сахт мушкил...
– Ин корро фақат муфаттиши зӯр сомон карда метавонад: ё фош мекунад, ё сарашро мехӯрад..
– Худи шумо чӣ мехоҳед, райис?
– Худи ман? Худи ман мехоҳам, ки колхози пештара шавад; аъзойи колхоз аз ғарибкорӣ баргардад; дашт ин хел сӯхта неву сабз бошад. Чун пештара баҳри дили касро кушояд.
– Хестед, ки хобатон райис! Ягон мурда зинда шудааст?
– Куштан лозим набуд. Шумо ҳам дидед, ки дар ин замон қотилро ҷазо намедиҳанд, куштед! Ба шумо ҷавоб!
– Хобатонро ба об гӯед!
Табиб низ чунин маслиҳат дод ба райис: «Ин хобро ба ҳар кас нагӯед. Ба об гӯед. Рӯ ба рӯйи осиё тути марворидак ҳаст.
Дар паҳлӯяш дарахти туғ. Он ҷо чилламазор. Оби ҳамон ҷо оромтар. Он ҷо рафта хуб ба об нигаред. Баъд хобатонро гуфта, дуъо гиред». Райис медонист, ки он ҷо чилламазори кӯдакон ва шохҳойи туту доғ пур аз либоси тифлона. Табиб чаро ӯро ба ин мазор фиристод, намефаҳмад. Лекин обсофкунакҳойи бозигари рӯйи об ҳушу хаёлашро рабуд ва ҳама чизро фаромӯш карда ба ин ҳашарайи нуқрафоми обтан менигарист, ки аз шуъойи офтоб равшантар ва сиёҳу сафед ҳам метобад; бисёр беқарору безобита ва ноором ҳам ҳаст; тиросо мераванду ба якдигар намерасанд, дакка намехуранд, бархӯрд надоранд, чаппаву роста намешаванд. Лекин одамон дар роҳи рост якдигарро китф назада гузашта наметавонанд.
«Кулли явмин батар» аввалин андешае, ки ба сари райис омад ҳамин буд. «Сахт хато кардам. Хаёл доштам, ки мисли пешин техникайи колхоз шабу рӯз кор мекунад, мардум ҳам хизмати Ватан, ҳам рӯзгор, гуфта ҷоннисори кор мешаванд; зарфҳойи сӯзишворӣ пур; обкашҳо наъра кашида аз Зарафшон об мебароранд; боғҳо сарсабз; сари вотҳо доруҳойи маъдан зери борону барф мемонанд; ба касе гандум лозим нест – орд дар магазин рахт задагӣ; касон орди навъи дуввумро ба гов медиҳанд; касе ниёз ба гандум надорад; Чарху санги ин осиёби аз замони Доқёнус монда дигар ҳеҷ гоҳ давр намегардад; дигар касе ба дастгоҳи атиқӣ рӯйи ниёз намеорад. Агар гардад, бостоншиносонро лозим гардад; шогирдони Раҷаб Амон бори дигар омада дар қатори эҷоди шифоҳӣ сурати особи валу вайрона, шикастадар, вале бомаш гилӣ неву сафолпӯшро гирифта мебаранд; боду борон мехурад.

пешина
аз 344
навбатӣ