Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ин хел нашуд: Хешони Усто Нормуҳаммади сангтарош соҳиб шуданд ин дастгоҳи пурарзишро. Аз он қадар сарою тавилаву бошишгоҳҳо ва работу боғу боғхонаҳо ҳамин чиз боқӣ монд.
Чун насӯзад дили касу натаркад мағзи сар ё хун тамма гашта, зада набарояд аз бинӣ? «Кӯр будаам-дия. Ё сахт қафо мондаам аз пешрафти дунё! Як булдозер ҳам намондааст, ки савор шаваму боқимондаро ҳамвор карда... аз нав созам... Эй ҷонваракҳо! Чӣ кор кунам, ки ақаллан чун шумо ҷойи худро софу озода нигоҳ дошта тавонам? Шумо гоҳе, ки бехалал мегардед, чунон орому бепарво мешавед, ки тифли дар гаҳвора хуфта ҳам он қадар осуда нест. Вале чун қатрайи борон ба об зад, он қадар безобита мегардед, ки дили гунҷишки ба дасти одамӣ афтода он қадар наметапад... Шумо бехабар, дили ман ба дили ҳамон гунҷишки дасти сармуҳосиб монанд шудагӣ.
Бало будааст он якшоха. Ягон ҳуҷҷат нест, худи хоҷагиашон барин: ном ҳасту хоҷагӣ нест... Тавба! Табиб гумон мекунад, ки обу ин ҷонваракҳо девонаро сиҳҳат мегардонанд: «Рӯ ба рӯйи особ рафта, ба об нигаред...» Баройи ба обу ҷонваракҳо нигоҳ карда лаззат бурдан беғам, саломат, шодмон бояд буд.
Ҳеҷ мурда ба лаби об омада зинда намегардад ё девона ҳушёр намешавад. Лекин ин парраҳойи чун дандони Рӯдакӣ фурӯрехта боз ба кор даромаданд. Сангҳойи он пирона дандон зада ғалладона хойида орд мегардонанд; дар чунин замонайи серхароҷот мушкили камбизоъатҳоро осон мекунанд.
Дар дунё ғамбуроре агар бошад, чархи особу садойи он ва пош хӯрда аз зери паррахона баромадани об бувад. Табибро беақл гуфта намешавад; як чизро надонад, «Назди чилламазор – рӯ ба рӯйи Особ рав» намегӯяд. Зеро ин чархи рӯзидеҳ, агар бознадорӣ ё обашро шова накунӣ, мисоли чархи гардун мудом гирду давр гашта ҳамаро орд-орд мекунад; ҳатто маро...» (Чаро чунин андешид, худаш донад.) Обсофкунакҳо ором мешаванд оҳиста-оҳиста ва бехи санги кабудча қарор мегиранд монанди рамайи хуфта. Вале чун халале диданд мисли хомӯшаки рамида пеши нури чароғ метананд ва ҳамранг ҳам метобанд; хомӯшакҳо чунон метананд, ки як тан чун ресмон дарозу тӯлонӣ ва ногусастанӣ бошанд; обсофкунакҳо низ ҳамин хел; тирвор мегарданд, яке ба дигаре дакка нахӯрда; дӯлоб намоянд ҳам роҳашонро ёфта беозор мегузаранд.

пешина
аз 344
навбатӣ