МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Андешаҳойи зиёдро дур кунанд аз сари кас. Лек чаро Райис наҳ занаду дашном фармояд табибро? Шояд баройи афзудани андешаҳояш бошад, ки беохир гаштанд ва зиллайи сараш он қадар баланд «зӣ – зӣ» мекунад, ки на садойи об шунида мешаваду на овози ба рӯсанг бархӯрдани сагаки донрезони осиё. Ба ҷойи ин ҳама дили райис танг мегардад ва сараш васеъ; рӯшан мебинад, ки дар сараш як кадуйи азим бор шудааст, вале чаро ин қадар вазнину гарон? Аз ҳамон кадуйи аз кадом кишвари ҳамсоя харида ба ароба бор карда кӯча ба кӯчайи диёр гардонда ба мардум намойишдода ҳам калонтар; аз сояаш маълум: хаёлаш, ки ин сояйи сар неву кадом хӯшомадгӯе ба сари ӯ чатр медорад, то аз офтоб насӯзад. Баргашта менигарад, ҷуз сари хеш чизе нест болотар.
«Ин осиё деву парӣ дорад; аз рӯйи ривоятҳо бисёр касон осеб дидаанд аз ин ҷо... Табиби бемурувват чаро маро ин ҷо фиристод? Торик! Сарата хам карда, хапу дам мегаштӣ хуб набуд?
Дар пушт мазори кӯдакон, дар рӯ ба рӯ осиёби воҳимаангез; кас намедонад куҷо биравад. Лозим нест ба ягон ҷо рафтан ё дар ин дунё хидматеро ба ҷо овардан. Ин оби шаттахӯрда аз чарх асаби касро ором намекунад; шояд оби сари нов хубтар бошад; чунки пирмардон ё пиразанон он ҷо баромада «Ҳавойи баландӣ дигар» гуфта, пой бар оби ҷӯй монда роҳат мекунанд. Рост андешайи пирон дуруст: «Дар дунё зӯре – нерӯе ҳаст, ки чархи фалакро гирд мегардонад. Чархи осиёро об давр мезанонад. Ин об аз зери ағба – худи чашмайи зери шахи Сиёҳ нишеб шуда орому тез, аз шар-шарҳойи баланд сарро ба санг зада, хасу хошокро ғелонда, соҳилҳоро канда дар ҷӯйи Сари Нов дамма мекунад. Чун ба лаби нов расид, тезу шадид мегардад ва ба парраҳойи чарх бархӯрда, гӯё чархи гардун мегардонад. Ӯ дид чунин чархи гардонро аз сари нов дар зери осиё, ки нахуст чашмрову пасон ҳушро бурд.
Чунон об бо нов тез рафта ба чарх бархурад, ки хаёл ончунон тез набошад. Ва сари гарону ба назар азимаш гирд гашт ё ҷувозак шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё