Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Чун рост парида ба нов сарозер рафтанашро надонист. Аммо пуршаст ба чизи сахт бархӯрдани сарашро эҳсос кард; давомашро ёд надорад, ки чӣ шуд; сар ба зерсинҷи болойи нов бархӯрда, ҷуссааш бозистод ва оби нов бо шасте, ки меомад, боло парид ва ба ду паҳлӯ фаввора зада парешон гашт ва чархи осиё аз гардиш бозмонд.
17.12.07.

ЯК МУШТИ ОБДОР
Эзорсафеду Зардэзор муштҷанг мекарданд. Ранги эзори ҳарду аз матоъе буд, ки ливойи мамлакаташон дошт. Шилшиладори поёнтар аз зону кашол. Мубориза баройи қаҳрамонӣ буд; ҳарду муштзан шарафи ватани хешро муҳофизат мекард. Агар пирӯз ояд, Қаҳрамони ҷаҳон мегашт.
Дасти довар ишора ба оғози ҷанг карду Зардэзор ҳуҷумовар шуд ва хашмиву пурғазаб ба ҳариф дарафтод; ният дошт дар дасти аввал ҳарифро аз пой афканад. Аммо Эзорсафед монойи сангпушт гардан кашида, сар паси муштон медошт, ки он тараф қолаби сангӣ мемонад ва ҳар қадар мушт кӯбад боке нест. Муштборон мекард Зардэзор ва ҳар ҷое рост ояд, мезад; ҳатто бар ҷойҳое, ки мамнӯъ буданашро медонист. Аз миён поён ҳам зад. Эзорсафед баробари ҷангро боздоштани довар дудаста миёни пойҳо дошта, сари пой нишаст ва сахт ғунча гашта гирифтори дарди хеш буд. Довар таҳдид ба Зардэзор мекард. Ӯ сӯйи довар сар афшонда гуноҳ ба гардан гирад ҳам сахт хашмӣ буд, ки агар чунин накунад, душман парчами ба тан кашидаашро бирабояд. Ҷонибдорони зӯр ғирев бардоштанд ва қарсзанон ба по хестанд, ки гаравро бурданд; пули ба гарав гузоштаро чандболо меситонанд. Касони ба ҷонибдорийи Эзорсафед пул ба қимор монда ҳам хурӯҷ карданд: «Ҳаром!!» ва ба майдон рехтанӣ шуданд. Агар полис ҳамроҳ намешуд, «ҷанги ҷаҳонӣ» мехест. Довар гӯйӣ басанда гардонид оташи балворо: Ҷабрдидаро ба по хезонд ва дастони ӯро зӯрозмо болову поён карда ба ҷанг омода будан ё набуданашро муайян кард; сар афшондани ӯ доварро ишора буд, ки ба ҷанг дарояд. Эзорзарди омода ба ҷанг баробари бо теғи даст буридани садди мубориза вазн андохта ҳамла овард ба душман, ки аз зарби ноҷояш нимҷон гашта ба мушти гарони ӯ тоб оварда наметавониста бошад.

пешина
аз 344
навбатӣ