МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Вале пешониаш ба мушти чапи сӯяш ёзида бархӯрд ва нотандеҳ абрӯ чин кард, то бихурад ҳарифро. Садойи лаълӣ баромад – дасти якум ба охир расид. Зардэзор дандон гиз кард шағолона ҷониби Эзорсафед:
«Ҷанг дар пеш» ва норозиёна ба кунҷе рафт, ки мураббӣ меистод. Нанишаст, то лаҳзайи танаффус зуд гузарад ва чун паланги хашмиву олуғда дарафтад ба ӯ. Суханони мураббӣ, ки ину он мегуфт, ба гӯшаш намедаромад. Аз банди иҳота дошта, пой мезад. Баргашта сахт сӯйи ҳариф нигарист, ки дар кунҷи рӯ ба рӯ бар курсӣ нишаста, боадабона ва орому ботамкин сухани устодашро гӯш медод: «Як мушт, бисёр не, як мушти обдор бояд зад!» «Ҳамон гӯши суханшунаватро зада кар накунаам...» Омода буд, ки баробари кӯба ба лаълӣ бархӯрдан мушти ӯ низ бар сари рақиб бархурад. Хурӯсона омад гардан ёзида ва ёли гарданаш низ чун ёли гурги ёлдор дамида буд. Парида, хурӯсвор чанг зад ва мушташ ба муштони Эзорсафед бархӯрд, ки вазни гарони ӯро бозгардонд.
Муштони тиршап ба дастпӯшакҳойи сафедаш мерасид.
Рақибонро аз ранги дастпӯшакҳо ҳам фарқ кардан имкон дошт. Эзорсафед ду мушти гарон пешрӯ дошта аз роғи миёни онҳо ба чашми ҳариф нигарист, ки ба куҷо нигоҳ мекунад?
Чашми ҳариф мисоли чашмони келасҳойи обӣ саққовор гирд мегашт ва аз паси нигоҳ ҳар куҷо рост ояд, мушт мезад.
«Фаҳмида намешавад ӯро, ки ба куҷо заданист». Инак мушти ростро пас кашид, ки бозӯяш дамида буд бузургтар аз муштон ва хурдтар аз сараш. Бо дасти чап ҳуҷуми адӯро дошта, бо мушти рост як-то заданӣ буд; фақат якто; зеро муштборон кӯшиши беҳуда. Кашидаву кушода бояд зад, ки ҳариф чун дарахти бурида барқад бипарад. Эзорсафед ҳар бор бо чунин ният омодайи як мушти обдор, зарба мехӯраду хешро ҳимоя мекунад; бо дасти чап рақибро андармон карда, ребу фиреб дода лаҳзайи боб меҷӯяд, ки кашидаву кушода занад, мушташ пеш нарафта, садойи лаълӣ мебарояд. Арақшор, ҷо-ҷо омосидаву кафида ва хунӣ сӯйи мураббӣ меравад: «Ту чихелин муштзанӣ? Зарба назанӣ, душманро мағлуб карда мешавад?»
«Мешавад...» Чунин посухи ӯ ҳам ғазаби муаллимро меовард ва ҳам хандаашро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё