Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Лекин ӯ хандаро хӯрда, ғазаб туф мекард?
«Ӯ хол мегирад ба ҳар мушт, ту масхарабози сирк барин тамошобинонро механдонӣ». «Ин бозӣ, муаллим. Бозӣ-бозӣ – рангбозӣ. Мардум танҳо баройи ғалтидану хестан чипта намехаранд ва дар хазина...» Садойи лаълӣ баромад ва Эзорсафед давоми суханашро гуфт ё на, ба ҳар ҳол як қулт ба даҳони ӯ об рехтанд, ки даҳан об гардонида ба дастшӯе туф кард. Усули ҷанг ҳамон ранг буд: Зардэзор мезаду Эзорсафед ҳимоя мекард ва гоҳ-гоҳ сари рақиб худ аз худ ба мушти чапи ёзидайи ӯ мерасид; ва тамошобинон шӯр доштанд, ки рақиб ӯро на танҳо бо мушт, бал бо сар низ мекӯбад. Чанд даст гузашт. Эзорсафед ягон хол гирифт ё на, намедонад; ғазаби муаллиму ба тарафдорийи ӯ ба хазина пул мондагонро намебинад, то бидонад дар чӣ ҳоланд; намебинад, ки онҳо шӯру ғазаб доранд; ҳам аз беҳунарийи паҳлавон ва ҳам аз сӯхтани пул. Баъзе ба бозӯйи дамидайи ӯ нигариста ишора ба шарике мекунад, ки пул гузоштааст ба қимор; дигаре лаб дӯл карда китфон дар ҳам мекашад: «Ҳеҷ чиз нафаҳмидам. Ба назарам ё хомфарбеҳ ё баройи тарсонидани ҳариф бод зада омадааст».
Дигарӣ ҳам китф мекашад. Зардэзор зарба мезанад. Мушти рости Эзорсафед чу боли шикаста дар паҳлӯйи росташ кашол.
«Ҳайфи он қадар орову торо!» Ин садойи тамошобини дил ба пулаш сӯхта, ки дар танаффус ҳам аз хидмати табибу пешкорон чашм наканда, бод додану об хӯрондан, арақ пок кардану равғану давойи ба захмҳояш молиданро дида, рӯҳафтода гаштааст. Ҳар гоҳ дунба ковок аз курсӣ карда, дашноми сахт дода аз майдон баромада рафтанӣ мешавад; вале ним ҳамла кардани Эзорсафедро дида, аз раъяш мегардад: «Бисёртар бирез!»
Аз сари ӯ об рехтани мураббиро дида садо мебарорад ӯ. Ин ҷо театр нест, ки тамошобини рамузфаҳм ба маънийи намойиш сарфаҳм равад. Дар ин майдон ҷуз ғазабу муштзӯрӣ ва сухани дурушту дағал чизи дигаре нест. Танҳо Эзорсафед хомӯш, ботамкин ва чунон боодоб, ки як мушт намезанад душманро: «То назанӣ, Қаҳрамон намешавӣ, мефаҳмӣ?!»
«Мешавӣ...» «Баъди ҷанг ту рост бояд ба сирк...» Гоҳе ки думи абрӯйи чапаш кафида хун шорид, устод дод зад: «Э войэ!» Довар ҷангро боздошта ба муштзан ишора кард, то назди мураббиву табиб ва дигар хидматгузорон равад: «Дигар ба ту сухан надорам» гӯё рӯ гардонд аз дастпарвар ва нигоҳ накардаш.

пешина
аз 344
навбатӣ