МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Хуни гармашро тоза накард, равғану давойӣ намолид, лекин аз сараш об рехт. Пизишк ба гӯшаш фиччонд: «Ин раунди ёздаҳум... Боз як раунди дигар...» Вазъу ҳоли ӯ дигар шуд; ё нав дардро пай бурд ё ғазаби устод бедораш кард. Ёли гарданаш ҳам баланд гашт. Ҳариф тозон омаду сахт ҳамла кард ва муште зад, ки Эзорсафед пушт рафта ба банди иҳота бархӯрд ва пеш омад. Ҳарифи зӯр ӯро мағлуб пиндошта ҳуҷумовар шуд ва зарбае ба ҷоғи чапаш хӯрд, ки дандонҳояш шараққос заданд ва паҳлавон ба сони дарахти бурида ба замин хобид. Зардэзор дар тӯли ҷанг ҳамон як мушти обдор хӯрд, ки Эзорсафед аз аввал то охир омода сохта, фурсати боб мепойид. Довар ангушти мушткарда як-як мекушод: «Як! Ду!
Се! Шаш! Нӯҳ!...! ва ду даст ба ду тараф, ҳамчуноне ки Зардэзор мехобид, воз кард: «Даҳ!»
21.02.08.
ДУ ДЕВОНА
Имшаб тамоми шаб саге зуза кашид; фӯк сӯйи осмон дошта нола кард ва сагони дигарро ба по хезонд: русто ба ларза даромад аз зузайи пуртаҳлука ва ёвомад. Моно ҳама балоҳойи осмонӣ ба сари деҳ мерехтанд ва саги Ало чунин пешомадро дониста ба нола даромад, то фариштайи бадбахтиро зорӣ бикунад балоҳоро дар фалак боздорад. Ак-аки сагон деҳаро акистон кард ва аз деҳайи дур ҳам садойи ҷакидани сагҳо омад; ба назар то он канори дунё рафт. Мардум нороҳат гашта бедор аз хоб шуданд, то балогардонӣ бикунанд. Сахт воҳима гирифта буд, ки балойи осмонӣ омадааст. Ҳатто ҳамсояҳо аз сари девори якдигар гардан фароз дошта, пурсон мешуданд:
«Чӣ балост?» «Напурсед, балоҳойи осмониро дур карданианд сагҳо; баргашта сӯйи фалак мефиристанд. Агар балоҳоро осмон набардорад, Замин бардошта натавонад». Сагҳо ором нагирифта, аз ҷакидан намонда ва ҳанӯз чашми рӯз накушода ба кӯча баромаданд, ки ба девлохи моли кӣ гург даромада бошад. Вале ягон нишони ташвиш набуд. Деҳа низ аз хоби нороҳат бедор шуд ва касе чизе намедонист: «Офарини сагҳо!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё