Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Нолаву зуза накарда буданд, оламро бало пахш карда буд»
балоро борону барф пиндошта, чунин мегуфтанд. Рӯзи корийи ду тани ноошно пештар аз рӯзи корийи дигарон оғоз ёфт; монанди касоне, ки субҳ надамида дар даруни сандуқи телевизор беҳуда даводав мекунанд. Тӯр қадди роҳи мошингардро боло равад, Саврӣ бо канори дигари роҳ поён меомад; Тӯр сарнишеб ояд, Саврӣ сарболо мешуд. Рӯ ба рӯ гашта аз паҳлӯйи ҳамдигар гузашта раванд ҳам якдигарро намешинохтанд, зеро банди хаёли хеш буданд. Тӯр асо дошт, Саврӣ саргирак; саргиракро якшоха чӯпонӣ гирифта, як бари он кашол, мерафту меомад; на ёди хӯрок дошту на ёди об; оби равонро бинад, рӯй мешусту пой бар об тар мекард ва боз қадам мезад заминро миннатдор карданӣ шуда. Гоҳе бари саргирак пушт зада, хешро озод нигаҳ медошт, ҷилва низ мекард; худ ба худ чизеро ёд оварда механдид – кадом лаҳзайи хуши зиндагиашро; вале дер давом намекард: табассум дар лабонаш шикаста, қиёфааш ҷиддӣ мегашт ва сахт менигарист ба касе. Дар чунин ҳол пойи рафт нигаҳ медошт ва худ ба худ ғуррида касеро сахт дашном медод; дуъойи бад ҳам мекард, лек номашро намегирифт. Мерафт-мерафту аз деҳа мебаромад; бо роҳи мошингард хаёлӣ то деҳоти дигар мерафт ва ҳамон зайл қоматаш рост, саргиракаш кашол, чашмонаш ба фарқи сараш кашида, лабонаш хушку пойҳояш бемадор, қадамшумор бармегашт. Сахт хаставу шалпар гардад ва дарди пойро эҳсос кунад ё пойяш даруни кавш сӯзад, кавш ба даст гирифта, тиҳипову хаёлӣ чунон бо нозу таманно пой мепартофт, ки танҳо худаш донад, ки чӣ маънӣ дорад. Соҳибони мошинҳойи роҳ рафтори ӯ дида паҳлӯяш тормуз мекарданд, вале ӯ нигоҳ накарда пеш мегузашт ва агар боз мошинашро дорад, Саврӣ пас мегашт. Ҳама девонаҳо ҳушёри кори худ ва кори бадро хубтар аз солимон мефаҳманд. Чун ба роҳи асосийи деҳа меомад, асари Тӯрро аз пайи моршакли асояш дармеёфт, ки бар нармхоки канори роҳ боқӣ монда буд. Тақрибан аз рӯйи рахҳо медониаст, ки Тӯр чанд бор омадаву рафтааст. Ин чӣ ҳавсала буд ё пайи асойи кашоли мардак чӣ аҳамият дошт, намедонист. Зеро чанд сол боз мисли мӯрча дар як пайроҳа мегарданду якдигарро намешиносанд, ҳатто салом надоранд.

пешина
аз 344
навбатӣ