МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Наход зузайи шабонайи сагон ҳамин балоро пешгӯйӣ карда бошад? Пайи пойи истода дар як ҷо маърӯза кардани Тӯр низ аён; чунки дар ин ҷо хуб пой кӯфта, даст боло карда ё асояшро камон сохта душманро паррондааст; сонӣ амру фармонҳойи ҳарбиёна додааст ва оқибат Сталин шудааст:
«Товариши! Ман аз шумо коммунистон чунин умед надоштам, ки баробари аз сари қудрат рафтанам, ҳамаро хароб мекунед ва чунин талаву тороҷ мегардонед! Ҳокимон ва райисони колхозҳо, мудирони фермаҳо ба Сибир фиристода шавад! Я думаю, ки шумо сарнагун кардед сохти моро! Инак ҷазоятонро Худо диҳад!» Магар балойи шабина чунин будаст, ки Саврӣ сахт ранҷонд ӯро:
– Э девона, ба ҳамун кучукат як чика об диҳӣ намешавад, шаби дароз намонд, ки хоб равам?!
– Ҳааа ту ташна мондайӣ... Дигар ин ки вай кучуки ман не, кучуки райис, девона! Дина гӯсфанд кушта буд, сагаш хунаша хӯрда, маст шудааст. Ҳамина намефаҳмӣ, девона?!
– Девона...
Ҳар кас ба хаёли хеш – ҳушёр: Девонаро «девона» гӯйӣ, «Худат девона!» мегӯяд; дуздро «дузд» гӯйӣ, «худат дузд!»
мегӯяд; Муттаҳамро «муттаҳам» гӯйӣ, «Худат муттаҳам!»
мегӯяд; ҳатто ба кӯҳи Нидо «Нокас!» гӯйӣ, «Нокас!» шунавӣ.
Даҳони баста – сад тилло... Онҳо хомӯш мегаштанд; якдигарро девонанавозӣ намекарданд. Чу забон ба сухан кушоданд, таъна сар шуд: «девона».
– Ман шӯт мешам, ки гап мезанӣ, девона?
– Ман занат мешам, ки «девона» мегӯйӣ, девона?!
– Ту ин дунёро намефаҳмӣ. Хаёлат, ки зери саргирак печида, сарнишеб рафтаву сарболо омада, заминро миннатдор мекунӣ. Ҳол он ки заминро меранҷонӣ. Дар рӯйи замин гаштан ҳам ҳад дорад. Камак як ҷо шин, дам гир, нафас рост бикун. Ба поят раҳмат наояд ҳам, ба замин раҳмат ояд.
– Ин кори ман; ин пойи ман! Ба пойи ман кордор нашав.
Асоятро маҳкам дор. Ҳама каттагиат аз пушти ҳамон. Хаёлат, ки ба куҷо занӣ.
– Ман медонам ба куҷо заданро. Ба роҳат рост рав, девона.
– Девона...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё