МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Ҳушёр бишав, ки таги тарактор намонӣ, дайду!
Саврӣ таққӣ пойи рафт боздошт; ҳайкал шуд ё ях баст. То об кушод, ки Тӯр ҳодисайи таги трактор монданашро ёд овард: гоҳи бозгашти пода трактори Санг пая меовард ва гови аз миёни говон ҷудо гашта ба барги тут сару забон дарозкардаро накӯбам, гуфта, фармони трактор ба рост тофт ва Тӯри сари роҳ истодаро зада парронд; афтида сараш ба ғӯт зада беҳуш гашт. Бо ҳазор доруву дармон даво наёфта, сарзада шуд. Ҳолиё чизи аз ҳама баддидааш трактор ва садойи гӯшкаркунанда ва оламларзони он аст. Чунин садоро, Худованд ба гӯши кар ҳам дучор наорад. Аз дашти дур ҳам садояш ояд, гӯши Тӯрро ба хориш меорад. Баробари шунидани овози гӯшхарош Тӯр бероҳа мешавад ва пушти дарахте ё буни деворе паноҳ меҷӯяд. Ана ҳамон рӯзу чунин бедодиро мардак ёд оварда Савриро дилсӯзона маслиҳат дод, то хешро эҳтиёт бикунад. Вале ӯ ях басту об кушод ва зоғи даҳансиёҳ шуд:
«Худат таги трактор монӣ, бадният! Аз бадиат як бор мондӣ, боз монӣ. Худо ҷазоятро диҳад ҳам ба ту панд намешавад. Таги мошин монӣ! Таги девор монӣ! Таги ана ҳами симчӯби болойи сарат монӣ! Ана ҳамин сафедори баланд ба сарат гардад... Умедат хушк шавад! Илоҳи мурӣ! (ва нафас рост карда, чизеро ё аламҳойи кашидаро ёд оварда, аз нав авҷ гирифт) Умрама хазон кардӣ, девона. Ҳама чизро барбод додӣ, номард! Нағз мебинам гуфта, баҳори умрама дуздидӣ, ана хазон омад. Илоҳӣ таги хазонбод монда мурӣ! Ҳамту, ки девона мешудайӣ, чӣ номаъқул карда «гирам Савриро мегирам, нагирам, ҳур мегузарам» гуфтӣ? Шабу рӯз беғарзи хаёли ту хаёли дигар надорам... Илоҳӣ, мурӣ, ки на бинаму на сӯзам...»
– Ӯй! Ҳӯй! Девона! Ин гапота ба Бердӣ бигӯ! Ман шӯйи ту не. Ман – Тӯр; шӯйи Нисо – духтур. Ту баринҳоро бешӯ мезоёнад. Илоҳӣ дар дасташ афтода мурӣ, тозӣ! Сари хишт равӣ, тозӣ! Занак шуда як фас хона шинӣ, мемурӣ? Мардон ба афти хунуки ту зор, ки зоғ қар нагуфта, домони саргиракат – роҳрӯб, таг меравию боло, чӣ гум кардайӣ?
– Туро гум кардам, беимон! Маро фиреб додиву акнун гурехта мегардӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё