МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Беҳушона гап мезанӣ, девона... Ман шӯйи ту не! Ман – Тӯр!
– Худат девона! Ту набошӣ, ман дар ин кӯчаҳойи пурчангу хок, миёни подайи говон чӣ кор мекунам? Туро бинам гуфта, саргирак яклаба мекунам; лекин ту гирифтори суханони Сталинӣ. Дастак зада, ваъз мегӯйӣ ва худ ба худ завқ бурда механдӣ, девона.
– Ҳунари ҳар кас не Сталин шудан.
– Бурутат куҷо? Шапкайи пешонабаландат куҷо?
– Ҳамаашро баъд мебинӣ... ҳоло рав, дар хона шин ягон гандапири занмурда пайдо шавад, мегирад. Оби торат медиҳӣ.
– Умедат хушк шавад, номард! Ман ба ёди ту шабро рӯз кунаму сари азон кӯча бароям, ки бинамат...
– Бас кун-э, девона! Одамони рӯйи замин шунаванд, чӣ мегӯянд?!
– Одамони рӯйи замин мисли ту бузи ногиро не. Ҳама чизро мефаҳманд, рӯзгори хуш доранд.
– Девона, Нисо фаҳмад, алов сар медиҳад.
– Нисойи ту ба ман чӣ кор дорад? Нисо, Нисо... Аз сарат монад Нисот!
– Ту аввал хонашиниву хонарӯбиро ёд гир, баъд ҳаваси марди озодаро бикун. Ту ҷорӯб кашида наметавонию...
– Номаъқул кардӣ, девона! Чунон кунам, ки рӯған резад, лесӣ. Ту ба хонайи ман, ба ҷогаҳи ман даромада будӣ?
– Гум шав-э!
Садойи трактор баромад. Тӯр зуд паси симчӯб пинҳон гашт. Саврӣ ба тангкӯчайи Домулло уреб шуд. Аммо трактор ин тараф наомада, бо кӯчайи миёна сӯйи Майкада рафт. Онҳо буромаданд. Саврӣ гӯё мардакро бори аввал дида бошад, сар бар китфи росту китфи чап тофта дурусттар ба мард нигарист:
– Ту... Ту ҳамон писари Табардаст нестӣ?
– Девона, нав шинохтӣ?
– Охир нав дидам. Ба хаёлам як аср пеш дида будам.
– Ҳо. Дар асри Сталин дида будем. Гап-гап, ки боз меояд.
Ҳама бетартибиҳо гум мегарданд. Ту ҳам саргиракатро мепартойӣ...
–Не!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё