МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Мепартойӣ. Исталин ун хел одам не, ки нози туро бардорад. Худат мепартойӣ.
– Не!
– Не, гӯйӣ, мефармояд аз поят дар шохи чинор меовезанд; оламро тамошо мекунӣ. Медонӣ ман ба чашмат чигуна метобам? Чаппа. Чӣ хеле ки ту ба чашми ман метобӣ: чаппа.
– Дурӯғ! Исталин мурда буд. Баъди мурдайи ӯ ба ман дард расид...
– Медонам.
– Дурӯғ! Он гапҳо ҳама дурӯғ! Ун худоноумед ҳамон баҳонаро баровард. Шарми рӯ шавад ҳам, занмиҷоз буд.
Баъди шаш моҳ овоза кард, ки ман... Даҳанат заҳр гардад.
Ман ҳоло ҳам духтарча. Чиба гурехт? Ғарибкорӣ баҳона, гурехт. Акойи Тӯр, дар қиёмат маълум гардӣ, ин дунё баройи ману ту не; ин дунё баройи девонаҳо, дуздон, нокасон, муттаҳамҳо...
– Лекин ба ягон кас чунин гуфта намешавад: дузд гӯйӣ, «худат дузд» мегӯяд, ҷалаб гӯйӣ, «худат ҷалаб» мегӯяд. Ба кӯҳи Нидо «нокас!» гӯйӣ, «нокас!» мешунавӣ.
– Дар қиёмат маълум шавӣ, ако... ягона касе ҳастӣ, ки... забонам намегардад. (Аз зери остинаш коғази сафедро бароварда.) Ана ин коғаза бигиру то омадани Бердӣ нигоҳ дор, ҳамин ки омад битиш. Ман сӯйи Зарафшон меравам...
– Девона!
– Не-не! Дигар илоҷ нест! Дилам ба худат об хӯрд...
«илоҳӣ, хабари мурдет биёд, Бердийи номард, умрамро хазон кардӣ! Дигар тоқат надорам. Моҳиёни Зарафшон одамхӯр шудагӣ, мегӯянд. Бигзор маро хуранд. Дар ин ҷо набошӣ, ки тамошо бикунӣ. Ба ҳар ҳол ман саргиракро дар ҳамон сари шахча мемонам, ки Норҷон рӯймолашро монда буд; Сайрам кавшашро монда буд; Нигор рӯмолчайи гулдӯзийи баройи нисбаташ дӯхтаро гузошта буд; Қимат нома навишта баъди сараш як шаҳр одамро ба по хезонд... Э бисёр, ҳамаашро медонӣ. Ман ана ҳамин саргиракро мемонам, ки аз бисоти арӯсийи нокомам ёдгор. Саргиракро, ки гирифтӣ, бӯй бикаш, ки бӯйи муҳаббат медиҳад ё не?!»
23.02.08.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё