МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
МАДДУ ҶАЗР
Сафедҷомагон аз дур хеле пастқомату сустгом метобанд, аммо ҳазора бошанд ҳам аз пеш як нафар менамоянд; чунки дар раҳи рост саф кашида хеле ботартиб ва орому вазнин, ба назар таълимдида меоянд, ки яке аз рах берун қадам намезанад. Мегӯйӣ, ки ҳоҷиёни асрҳойи миёна аз саҳройи адам мегузаранд; саропо сафед. Чун баҳрро диданд тезтак гаштанд.
Садойи баҳр ва мадду ҷазри онро мешуниданд; насими намнок меомад. Амвоҷи баҳр кӯҳа-кӯҳа ба соҳил бархӯрда бармегашт ва ҳар чизи нолозимро ба соҳил меандохт; баъзеро гардонда мебурд. Ин замон мусофирон ба лаби об расиданд ва чизе аз тан наафканда худро ба об заданд ва хеле гуруснаву ҳарис ба овардаҳойи об дарафтиданд. Сафедийи пешсина ва шикам пӯшида гашт; пушти сиёҳрангашон тофт. Пингвинҳо будаанд, одамвор дупоя саф кашида. Муборизае оғоз ёфт, ки мадду ҷазри баҳр пеши он ҳеҷ буд: пингвинҳо ба кирмҳойи мавҷ оварда дарафтиданд ҳама чизро фаромӯш карда.
Гушна ба шер задааст. Тагтари баҳр тулумҳову (тюленҳо) далфинҳо аввал бозиву шодийи меҳмононро тамошо карданд ва рамуз гирифта, оҳиста – оҳиста боло шуданд ва об ранги сурх гирифт. Пингвинҳо монанд ба киштиҳойи коғазийи кӯдакона хеле сабук сар-сари мавҷҳо мерафтанд. Чунон ки киштичаҳойи коғазӣ тар шуда ба об фурӯ раванд, як – як ин сӯву он сӯ парида, номаълум фурӯ мерафтанд. Рӯйи об чу абри сӯхта хун ғоз мекашид ва обро рангин мекард. Тулумҳо онҳоро дошта, азбаски дар даҳонашон намегунҷиданд, дандон зада хунӣ мегардониданд ва рӯйи об меафканданд.
Пингвинҳо зуд беёд гашта, дами дарунашон мебаромад; рӯйи обу зери об мешуданд. Зиндагӣ мурдагӣ мегашт. Қавмҳо меҷангиданд; яке зӯру хунхор, дигаре муфтхӯр, бархе нотавону нимҷон, ҷуз гурез илоҷе надоштанд, лек гурехта наметавонистанд. Пой доштанду гурез надоштанд; бол доштанду парвоз на. Баҳр рангин мегашт ва дар теғи офтоб, ки то таги баҳр метофт, рангинкамон пайдо гашта, зери носомониву шӯру шаафи тулумҳо ва ҷонканийи пингвинҳо, лошахорийи мурғони муфтхӯр на танҳо камони ранга, бал ҳама чиз ноаён мешуд. Тулумҳо даҳон мекушоданд ва пингвинҳойи беёд худ аз худ ба даҳонашон меомаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё