МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Боз дандон зада ва афшонда пушти сар ё паҳлӯ меандохтанд, ки баъзеро лахте гӯшт дар даҳон меомад ва бархе бо вазни гарони худ аз пайи тӯъма фурӯ мерафтанд. Ранги гулобийи гӯшти пингвин, ранги сафеди сарсинайи рӯболо, ранги хун, ранги тулумҳойи ҳархела, паррандагони ҳарранга ва тарзи шикору муфтхориашон дунёйи бӯқаламун сохта буданд. Тулумҳо гӯшт дар даҳон сар аз об бурун меоварданд; об аз камарчайи даҳонашон рехта гӯшти тозаву ҳанӯз нафасу равон доштаро мебалъиданд.
Онҳо бо ҳар партоб лахт-лахт гӯшт мехӯрданд, то даме, ки аз пингвин танҳо склет ва сару пой боқӣ мемонд. Ба қаъри баҳр мерафт ва баройи ҷонварони зериобӣ базм барпо мегашт.
Рӯйи об низ базм мешуд: паррандагони гӯштхор ба ҳар резаву порайи рӯйи об ҳуҷум оварда, мерабуданд; ҷое, ки тулум пингвин қассобӣ мекард моҳихӯракҳову мурғони гӯштхӯр ва як мурғаки хокистарийи нӯлаш ба минқори мурғобӣ монанд пой бар об расонда боло мешуданд аз тарс, то ба коми тулум фурӯ нараванд. Зиндагийи обиён ба рӯзгори хокиён хеле монанд: зӯр нозӯрро нобуд созад; бузург кӯчакро фурӯ барад. Бо вуҷуди бузургӣ тулумҳо ҳарос доштанд, ки тимсоҳойи азим ё наҳангони фавворасоз айшашонро мунағғас нагардонанд.
Каллайи пингвин зери об меравад, пойҳойи гулобиаш ва устухонҳо низ. Тулумҳо ғел мегарданд; орому бепарво шино мекунанд; сайди бисмил ё нимхӯрда дар паҳлӯяшон бо вазни хеш шино дорад ё ба даҳони онҳо меояд. Пингвинҳойи дандонзадаву нимҷон ҷое гурехта наметавонанд; гаштаву баргашта ба даҳони тулум меоянд. Мавҷ ба сӯе тела диҳад ҳам тулумҳо тӯъмаро ёфта мегиранд. Як пингвин бо мадади мавҷ аз даҳони тулум раста, ба соҳил баромад ва дар як лаҳза ҷомайи сафедаш сурх шуд. Дандони тулум пӯсти гардану сари синаро даррондааст, ки пингвин гулгунқабо гашт. Базӯр сари санге баромада сукут варзид ва ба андеша рафт, ки чӣ балое буд? Ба ҷойи он ки илоҷе дарёбад, аз тарсу ҳарос ларзида рӯ ба душманони нохонда дошт. Мурғон пайдо гаштанд гирди ӯ. Ва мурғи минқораш монанд ба нӯли мурғобӣ, рангаш хокистарӣ наздик омад ба маъюб ва ҳуҷумовар гашт.
Пингвин худро ҳимоя карданӣ шуда, бо дасте, ки дар об болу дар хок пой мегардад, мурғро зада ронд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё