МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Вале мурғи рамуздон
ё ба чунин шикор одаткарда ӯро масхара гирифта, гирдгардон
мекард ва шину пар дошт; дар ҳаво муаллақ бол мезад. Пингвини хунинкафан сахт ҳайрону гирифтор, ки шояд вуқӯъи
фоҷеъаро медонист, хаставу нимҷон хештанро муҳофизат
карда, мисли нартулуми аз рақиби зӯр дар ҷанг мағлуб паспас мерафт ва илоҷи аз мурғон наҷот ёфтанро дар об медонист. Ӯ одамона дупо ва рост меистод. Мурғон парвозкунон
ҳамлавар бар сарсинайи захмийи вай мешуданд; нӯл мезаданд; пару пӯст меканданд; хунинтар мегардониданд, то равонаш суст гардад. Як нола ва садойи нимҷони имдодталабона ҳам меомад, вале ёру ёваре набуд ҳамонанди кори инсон,
ки тамошо доштанду мадад на. Ҳар кас дар таҳлукайи наҷоти
хеш буд. Пингвинҳойи солимро дар соҳил хатаре таҳдид надошт, магар андаруни об. Мурғон чунин гурусна ва ҳариси
хӯрок буданд, ки тулумҳоро гоҳи зо ором намегузоштанд;
бачайи ӯ олами равшанро надида гирду атрофашро гирифта
модарро ба ташвиш меоварданд ва аз лаби ҷилдпардайи бо
тифл бурун омада, дошта мекашиданд. Тулум аз хавфи бурдани бачааш парешон гашта мурғонро фӯк зада дур меронд
ва пардаро кандаву лесида фӯки бачаашро раҳо мегардонид,
то ҳаво бигирад. Акнун паррандаҳо ҳамроҳакро нигарон
мешуданд, ки кай меафтад, то улоғ бикунанд. Онҳо
ҳамроҳакро наафтида аз паси думи тулум дошта, кашола мекарданд ва гӯё бузкашҳо ба лоша дарафтода ба ҳар тараф
мекашиданд; зӯр мегирифту зор мемонд. Ҳолиё пингвин ба
ҳукми ҳамроҳак; аз чаҳор тараф мурғон ҳамлаваранд; нӯл
мезананду дошта наметавонанд; ҷабрдида рамақе аз ҷон дорад. Хештан ҳифзу ҳимоя карда ба об расид ва сар ба об андохт ва ҳамон замон дасту позаданҳояш аён гашт. Аз борон
гурехта, зери новадон афтод. Тулуме, ки ӯро хунӣ гардонида
буд, лаби об омада, бинийи пучуқ, мӯйлаб ва даҳони гирдаашро, ки кадом қабиларо ба ёд меовард, аз об бурун сохта
наззора дошт сайди нимбисмилашро. Шояд, аз таҷриба медонист, ки мурғони гурусна дар чунин ҳол осуда нагузоранд;
ӯ хоҳ-нохоҳ бояд худро ба об бизанад. Чунон низ шуд: чун
худро ҳимоя карда, то об расид, аҷал гулӯгираш кард: тулуми мурдачашм шерона – чун усули сайди даррандаҳо аз гулӯяш гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё