Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ба дасту по заданҳойи ӯ ва ҷонканиаш нигоҳ накарда, сахт хашмӣ дандон фишурда хуни сайд мемакид, то дигар паҳлавонро сарсону нигарон накунад. Пингвин аз дасту по задан монд ва тулум ҳамон зайл аз гулӯяш дошта, боло аз пардайи об баровард ва бо ғазаб ба ду тараф афшонда, партофт. Пингвин шалаппос ба об зада, зер рафт. Тулум ҳам.
Аз миёни об ҳубобчаҳо боло мешуд; рангину хунин ва рӯйи об ранга мегашт. Тулум нигарон буд, ки тӯъма чун ба даҳонаш меояд. Ва ин бор аз лаҳми сари синааш дошта боло шуда аз об ва сахт такон дода лахте гӯшт овард ба даҳон ва комак зада оболуд фурӯ бурд. Ранги гӯшти гӯсолайи парвориро мемонд: гулобийи тоза. На монанди гӯштҳойи ҳароммурдайи бозорӣ, ки хун бар гӯшт давида сиёҳ гардонад ва ё бӯйи ҷин диҳад. Пора-пора, луқма-луқма, газ-газ ҷудо мекард бо зарби ба ду тараф афшонда кандан.
Тулумҳойи дигар ба луқмайи ӯ чашм ало мекарданд. Тӯъма паси сар меафканду ба муфтхӯрон ҳамлавар мешуд ва боз луқма ба даҳон меовард. Хӯрд-хӯрду қафасайи устухонро раҳид, ки он шино карда то қаър расид ва дунёӯи дигарро безобита гардонид. Гӯё колбади «ҳоҷӣ» ба биҳишт афтид.
Биҳишт тозаву озода, ҳазорранг аз гулу гиёҳи обӣ буд; бошандагонаш низ озода, ранга ва ботамкин менамуданд. Чун аз боло омадани рӯзиро диданд, низ ба талош афтоданд ва чанги дурдаву таҳшин бароварданд. Ва аммо дар боло – дар дунёйи равшан шамшери аҷал обро буррида ҳаракат дошт; хаёле тахтапушти наҳанги азим зери пардайи об аён мегашту ниҳон; шамшери сирти пушташ матоъи обӣ мебуррид. Ва якбора чунон бархӯрду обшаппӣ шуд, ки ҳама ҷонварони даруни об безобитаву фирорӣ гаштанд. Вале паррандагони муфтхӯри беҳисоб бар тахтапушти наҳанг шину хез доштанд. Шояд баройи ҳавогирифтан бошад, ки наҳанг сар боло кашид ва дар даҳонаш даҳони тулум омада буд. Боз ҳар ду даҳон ба даҳон фурӯ ба об рафтанду рӯйи оби уқёнусро пардайи ҳарири хунӣ пӯшонд.
25.02.08.

пешина
аз 344
навбатӣ