МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
ЗАЪФИ ПИРӢ
«Ин одам беҳуда аз паси ман намегардад. Аз шакл, сару либос, тарзи рафтор ва кебидаву пой боздошта чун соя аз пасам гаштанаш аён, ки аз ҳамон тойифа; аз тойифайи дуздон, қотилон ё зархаридҳое, ки сари маро ба касе ваъда кардааст.
Ба автобус нишастам, нишаст; фуромадам, фуромад; ба чапу рост гардам, мегардад; равам, меравад; истам, меистад. Худоё, наход риштайи умрам канда шуда бошад? Не, имрӯз ӯ маро кушта наметавонад; нав пайдо шудааст; ё шояд чандин вақт боз пай гираду бехабар бошам; агар дар афтобус поямро пахш карда худро ба нодонӣ намеандохт, пай намебурдам.
Шояд баройи узрпурсӣ аз пасам гардаду ҷуръат накунад. Шояд гунг ҳам бошад? На, онҳо хондагӣ, мактабдида, чӣ кор карданашонро медонанд: нахуст меомӯзанд, реҷайи роҳу равиш мегиранд, соъатҳойи рафту бозгаштро муайян месозанд, сонӣ... Буд ҳамин хел ... Яктову дуто не, зиёд. Ин рамуз мегирад, дигарон корро тамом мекуннад. Худоё, ҳалқам хушк шуд. Дар гирди ҳайкали шоҳ обе нест, ки ҳалқ тар бикунам.
Ин ҳайкали нави шоҳи кӯҳнаву замони Қадим. Бо ҳамин баҳона муҷассамайи Ленини муборизро барандохтанду шоҳи Бухороро оварда монданд, то дигар дар ин майдон хунрезӣ нашавад. Аз ин рӯ гирду пешаш тозаву озода, шерони одамхор ҳам дорад, касе ҷуръати бетартибӣ кардан надорад; хаймайи саҳройӣ, дӯкончаҳойи самбӯсафурӯшӣ надорад; газоб ҳам намефурӯшанд... Ҳалқам хушк шуд-э, ноинсоф! Мон то Хонайи радио расам! Як чика об будагист. То Саҳройи Аҷалро тай мекунам, ки ҷон аз қолаб мебарояд. Ё аз танҳойиву ташнагӣ мемирам ё маро мекушад. Худоё, як рӯзи дигар ин майдон чунон серодам, ки китф зада гузашта намешавад ё ин гулгашт пур аз ҷуфти ошиқон. Кадом касофат ё балойи осмониро пай бурда мисли ҷонваракони пешдон ҳама ғайб задаанд. Ин бало ҳам вақташро ёфт. Инҳо медонанд вақту соъати ҳар корро. «Ҷони худойӣ!» гӯям? Он тарафи роҳ кохи Шӯро.
Дарунаш пур аз милиса, ки паррандаро роҳ намедиҳад, лекин ҳолиё шапкайи сурхаш наметобад. Даромадгоҳи Хонайи радио ҳам милиса дорад. «Куҷо меравед?» мепурсад. Вале ҳоло ҳамаро ғубори ангишт бурдааст, ки намоён нестанд. Дунёйи акс ҳамин хел мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё