Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Вагарна як рӯзи дигар «салом Устод»
гӯён, рӯ ба рӯ меоянд. Ин ҳам шояд аз он қабил бошаду ба салом гуфтан шарм бикунад? Аз шарфайи пояш ва сояйи дарозаш аён, ки меояд. Замони пеш мебуд, шартӣ рӯ ба рӯяш истода «Ҳа! Чӣ мехоҳӣ аз ман»! мегуфтам. Дар ин замона чунин гуфта намешавад; рӯ ба рӯ ҳам истода намешавад; як корд ба сина мезанаду, гӯё чизе нашуда бошад, рафтан мегирад; ё як тири беовоз. Чунки касе намепурсад гуноҳу савобашро. Дуртар бошад; аз паси девору буни дарахт ё аз паҳлӯйи шерони Сомонӣ ҳам як гапе; рӯйирост, расамнарасам, пой бар асари пой гузошта меояд. Намедонӣ, ки чӣ касест. Дар рӯзгор зиёданд чунин кӯрон; теғ зери остин аз пасат кашол мешаванду фурсати нобоб дар синаат мезананд.
Дӯсту душмани мо кай аз куштан сер мегашта бошанд? Касе пай намебарад, ки ҷосус аз паям мегардад; оҳанги куш дорад.
Бинанд ҳам рӯй мепӯшанд, ки дар бало намонанд; зеро гуноҳро ба сари ӯ бор карданашон аз имкон дур нест. Ӯро бинанд, реб дода ба тарафи дигари ҳайкал гузарам ҳам гашт аз пасам. Аз «Девон»-и Рӯдакӣ пай намебарад, ки ман аз касони хавфнок нестам; ягон чизи дар ин дунё гузошта, ду даст дар бинӣ ба он дунё рафтанӣ надорам, балки кори хайр карданӣ ҳастам; Қасидайи «Шикоят аз пирӣ»-ро хонданиам. На, сари онҳоро парма карда чунин андешаҳойи некро сурбосо резӣ ҳам намеистад; мисли симоб баргашта мерезад. Аз ман чӣ мегирӣ, девона? Ба устоду фармудаат бигӯй, ки амбор бӯйи муш кунад ҳам, ҷайби ӯ ақаллан бӯйи нос надорад. Чунки бемансабу бевазифа; ҳаққи хешро рӯёнида наметавонад; бизнеси инзамонаро сарфаҳм намеравад; пулро мисли дигарон зоёнда наметавонад; чунки надорад. Агар пайдо шавад, зуд парешон мекунад; зеро баройи як пул касро калла гирифта ба наҳр меандозанд. Сабр бикун, ошно, даргузар аст ин ҳама; дунё ба умед: рӯйи хубиву хуширо ҳам мебинем. Сабр накунӣ, ба рӯят мемонад. Ин сухан дар ана ҳамин «Девон»
ҳаст: «Киро куштӣ? То кушта шудӣ зор?» Ин дунёйи қаврунгардон. Накун ин корро бача! Даст нигаҳ дор! Дур бирав! Ё мон, ман рафта армони пириро бихонам... Сабил монад пирӣ! Сих мезанад... Бале ба ҷони ин дил: аз рӯзе ки ба дунё омадааст – ҷанг.

пешина
аз 344
навбатӣ