МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Рӯзи хушро надидааст. Истиқлолиятамон ҳам бо ҷанг омад. Ду бор. Ҳоло дил таскин наёфтааст. Дар чунин ҳол ҳам ором намегузоранд; ба д-он монад, ки морро фурӯ барад мор; аз сараш газида, бо зӯрӣ сарро аз ҳалқ гузаронида, чашмонаш ҷаста баромада, дам гирифта – дам гирифта, оҳиста-оҳиста фурӯ барад, то думаш пинҳон гаштан; сонӣ ба дарахт печида пахш бикунад, то ҳазм шудан... Лекин аз куштани ман чӣ? Чӣ мегирӣ? Хӯрда натавонӣ, баҳра наёбӣ...
Ё одамхӯр шуда бошад? Ягон усул доранд. Рӯйирост – пеши назари одамон нахӯранд ҳам ба руд меандозанд, то моҳиёни ба одамхурӣ одаткарда хӯрда фарбеҳ шаванд ва эшон моҳӣ бихуранд. Ду понздаҳ – як сӣ. Сабил монад пирӣ. Рӯдакӣ шикоят кард бас набуд, ки ман ҳам мӯя кунам? Лекин пири хирад аз замона, аз дунёдорон, аз ҳамзамонони хеш шикоят надорад; шикоят аз пирӣ дорад ва давлати Оли Сомонро сано мехонад; саховати шоҳу миру авлиёйи онро сипосгузор аст.
Мани беақл замонайи хунрезро гила дорам. Одамон беақлу дарранда бошанд, айби кӣ? Замона ҳамин касро аз пайи ман фиристод? На! Кадоме фармуда. Чунин фармуда, Туғралро ҳам ҳукми куш дода буданд... «Аз пайи кори дигар бишав, бача, аз ман шабуш намерӯяд!» Намефаҳмад. Ё ман гуфта наметавонам. Андеша дораму гуфта наметавонам; чунки... Гуфта наметавонам: «Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст!» Беҳтараш ба ин ҳайкали Сомонӣ бингар, ки чӣ некиҳо кардааст бо Рӯдакӣ? Туйи бемурувват маро дар паси ҳайкали шердори ӯ куштанӣ. Шояд баройи ҳамин «Девон» бошад?
Агар чунин: ман розӣ. Зеро ту донӣ, ки ин китобро аз ман бо чизе наситонӣ, магар зӯрӣ ё хуни ноҳақ. Лек бидон: «Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт!» Ба умед мабош! Рӯдакиро кӯр-пӯр накардаанд. Агар кӯр карда буданд, дар қасидайи «Шикоят аз пирӣ» аввал онро гуфта буд. Баракс ситойиши ҷавонӣ ва заъфи пирӣ ва дигар гаштани замонаро гӯяд: «Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам; асо биёр, ки вақти асову анбон буд!» Лек ту ҳамчу некхоҳи ман, хоҳӣ, ки маро дар пояйи ҳайкал бикушӣ, то дар олам ҷор андозанд, ки фулониро дар рӯзи равшан, дар рӯ ба рӯйи Кохи Шӯро, ки депутату милисайи зиёд дошт; дар назди пусти Марказӣ, наздики Хонайи Амнияту Вазорати умури дохила, рӯ ба рӯйи Хонайи Радио...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё