МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
дар паси ҳайкали шоҳи одил, бунёдгузори давлати Тоҷикон Исмоъили Сомонӣ куштанд ва номи ӯ ба туфайли теғи ту дар радифи номи шоҳ машҳур гардад. Зеро пусти барқияву Хонайи радио дар як мижазанӣ хабари чунин кушторро ба Олам паҳн мегардонад. Баумед мабош, хукандеш! Ба номи Худо, миҷҷайи касе хам хурад! Дар зиндагиам чӣ некӣ дидам, ки дар мурдагиам бинам? Мон хизмати хирсонаатро!
Чунон ки дар зиндагӣ маро чизе лозим набуд, ҷуз хидмату некӣ, дар мурдагӣ низ лозим нест! Бишав аз пайи кори дигар, ки ниятат армони одамиро надорад! Бе кушти ту ҳам борҳо худкушӣ карданӣ будам: боре баройи духтаре, бори дигар аз зиндагӣ сер гашта; аз зиндагйи хуру намур; аз шиканҷаҳойи беҳудайи ҳамкасбон; аз дасти замона... ва магар зиндагӣ озори андак дорад? Пой мегузорӣ хор мехалад ё меху сӯзандорӯйи аз сари девор бурун афкандайи нашъамандон ё шишапораҳойи сари мастӣ шикаста. Гӯё ман мисли мирбачча рӯз гузаронидам ва ба зиндагийи ту халал мерасонам; пешипо медиҳам; мадади башардӯстонаро аз дастат кашида мегирам; ба савдоят халал мерасонам... бояд маро бикушӣ. Агар медонистӣ, ки кӯтоҳтарин ҳикояти замони ҷанг аз сари ман ҳам гузаштааст, набояд чунин азм мегирифтӣ: «Падар, мо имшаб дастпӯшакҳойи туро ҷӯшонда, хӯрдем...» Биё, ба ашки чашми ман нигар, аблаҳ! Ё фарёд зада мардуми оламро ба сарат ҷамъ орам?! На! Овозам аз гулӯям набаромада тир мезанӣ ё дашна! Ман ин корро намекунам, чунки дар умрам ба сари касе дод назадаам, касеро озор надодаам. Медонам, ки баробари фарёд заданам ту тарсӣ, ки асрорат фош гардид ва бояд бикушӣ... Сабил монад ин дил боз сих зад... дар ин курсиҳойи гулгашти Сомонӣ нишаста нафас рост карда намешавад; чунки омада оҳиста аз паҳлӯ менишинаду корро тамом мекунад.
Мурам, росто бимирам... Гуфтам-ку: зиндагӣ ширин. Кас мехоҳад боз оне нафас бикашад аз ин ҳавойи ғанимат. Вагарна лаҳзаҳое буд, ки аҷалро ишора мекардам, намеомад; инак наздик омадааст, мегурезам, лекин пойи гурез нест; даму нафаси гург задагӣ барин; дар хоб мешуд чунин, бедор гашта «хайрият, хоб будааст» мегуфтам. Инак бедорӣ: ба назар аз паси гарданам сеҳру ҷоду карда меояд – куфу суф карда; зеро бисёр шуда чунин корҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё