МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Дар ҳар кӯчаву тангкӯча як ҷодугар дӯкон кушодааст, валвалаашро шунида дардмандон навбат меистанд; чунки ҳама дардманд шудаанд; ду каси ба дарди сахт мубтало гашта, ҳамдигарро бо нияти «хӯрдан» ва баройи якдигарро банд андохтан назди соҳире раванд, устоди ҳарду якест. Монанди фолбинест, ки хушдоманро бо арӯс ҷанг андозад. Ба гӯшам мерасад куфу суфаш, хаёлам то Хонайи радио расида наметавонам; пойҳоям чангак гаштанд, худ аз худ гирифтори доми ӯ мешавам. «Кистӣ?!» Посух намедиҳад; миҷааш хам намехӯрад: «Нинаксахт!» Ё гаронгӯш аст ё писанд намекунад; чунки қасду оҳангаш рӯшан: бояд маро нобуд созад, вассалом! Зеро гуфтаҳойи Рӯдакиро мехонаму мақсаду мароми хешро муайян месозам; мудом чунин фикр мекунанд рақибон. Ҳол он ки дар асри Заррини тоҷикон Рӯдакӣ чӣ гуфтааст, ҳамонро мехонам; фарқаш ҳамин ки дигарон ҳамту гап зада мехонанд, ман оҳангдор мехонам, чунон ки худи шоъир мехонд: «Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт...» Дар зери чунин хоҳиш чӣ ҳаст? Намефаҳмам. Аммо душман «чанг бигирифту навохт»-ро дар ҷойҳойи дахлдор «Афтомати Калашниковро гирифту андохт» тарҷума мекунад. «Ному нишони дӯсти душман намонад; натиҷааш чунин». «Чӣ мехоҳӣ?!» Муродат пул бошад, надорам. Зеро ҳеҷгуна ёрийи башардӯстона нагирифтаам ё ягон бинойи даврайи Шӯравӣ бунёдшударо харида нафурӯхтаам ё рӯйи он сиёҳаку сафедакро надидаам. Якеро сақичи суманак мегӯянду дигареро ранги орд. Бало занад, рафтори ин Соя аз дасти ҳамон чизҳо; вагарна кӣ ҷуръат дорад, ки дар замони сулҳу салоҳ ва тинҷиву оромӣ, дар рӯзи равшан, дар алди пойтахти Тоҷикон чунин рафтори ношойиста кунад? «Қазо гар доди ман настонад аз ту, ба сӯзи дил бисӯзонам қазоро!» На ман, Рӯдакӣ мехонад. Ман дар бало мондаам: «Шарт аст Рӯдакивор хондан?»
Чӣ гӯям? Ба чунин пурс посух нест. Танҳо душмани баҳонаҷӯ чунин аз гиребонатон гирифта метавонад, ҷин занад! Лекин ин фиристода банд ба пой андохта, пас мекашад. Ба номи Худо илми фану фиребро намедонам; баройи пул бошад, надорам! Маро кушта тамоми кисаҳоямро, либосамро чаппаву роста гардонӣ, як дирҳам намеёбӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё