Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дидӣ-ку дар автобус бачаяки бетамиз синфи якро тамом кардааст ё на, «роҳкиро бите!» мегӯяд. Ҳуҷҷати ҳукумат чун имтиёзнома додаро ба инобат нагирифта касро муттаҳам мекунад: «Лав задай ин хел книшкаҳойи сурхак!» Чӣ гуфта метавонӣ? Ҳоло ба ин сӯроб чун фаҳмонам, ки ба Хонайи радио «Рӯдакихонӣ» меравам?
«Девон»-и Рӯдакиро пушти бар дошта, рӯйи суратдорашро ба ӯ гардонидам, ки ришу дастори сафеди пири хирадро бинад ва донад, ки «шӯхӣ» бо кӣ дорад? Дареғо, ақлаш намерасад; чунки ӯ вазифадор аст, ки моро ҳамҷоя нест бикунад; чунин рафторҳоям суде надорад. Рӯдакиву банда ҷавонони имрӯзаро ҳамсони сурат. Ононро паррон-паррон мефорад – одамони «нав»; мо – қадима. Фарқ – замину осмон. «Худованд, наҷотам бидеҳ!» Ақаллан ягон милисайи дами дари Хонайи радио ностуфкунӣ ҳам намебарояд, ки даст бардошта «ҳой!»
гӯям. Кори ҷаҳон – акс. Лекин ман чӣ хел пой пеш мекашам, намедонам. Ба ҳар сурат ба дари бози бинойи шишабандийи ҳаворанг наздик мешавам ва хаёлам, ки пой аз остонайи дараш дарун монаму дарро шарақӣ пӯшида, то милиса бохабар гаштан сахт аз дастааш дошта истам. Дар кушода, ба рӯ ва дар шишааш ба ҳарфҳойи сиёҳи компитурӣ навишта: «Илтимос, дарро пӯшед!» лекин касе чунин илтимосро ба ҷо намеорад. Ман илтимосро ба ҷо оварданӣ, лекин имкон надорад:
Пойи ман даруни остона, пойи ӯ беруни остона, гоҳи даст ёзида дарро пӯшидан... Не, наметавонам; чунки поям, дастам, дилам ва танам меларзад; зӯри дарпӯшӣ ҳам надорам, мадоре надорам, ки ба милисайи бушлатпӯши вазн бар миз андохта сухан гӯям. Танҳо базӯр китоби суратбарӯйи «Рӯдакӣ»-ро ба ӯ намудам. Милиса монанди мурғи аз ҷӯйбор обкашида нӯл боло карда, то носи обдори даҳонаш нашорад, бо ишорайи даст «гузар» гуфт ва ба ҷавони шиппӣ гузашта чизе нагуфт.
«Дароям ё на?» Ба ҳар ҳол аз дари қабати дигари девори шишабандӣ гузашта аз бемадориву заъфи пирӣ ба яке аз курсиҳойи чармийи толори васеъ нишаста нафас рост карданӣ шудам, то боло баромаданро имкон пайдо шавад...
Ҷавонро ки гоҳи даромадан як назар либосашро дида будам, шинохтам; ӯ дари сандуқи бардор (лифт)-ро бо пояш дошта, ки пӯшида нагардад, нигарони ман буд: «Марҳамат, устод!»

пешина
аз 344
навбатӣ