МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ман гӯё сухани ӯро нашунидам; аҳамият надодам. Зеро мақсади ӯро медонистам: дар берун, ки тираш хок хӯрд, акнун мехоҳад дар сандуқи оҳанийи тан ба тан маро гӯр бикунад. «Марҳамат, устод!» «Ташаккур писарам, ман як бор дар ин сандуқи зулбиёву зулкушо дар монда будам, метарсам».
«Натарсед, ман ҳамроҳатон». «Шумо кӣ?» «Ман муҳаррири шӯъба. Студия омода, устод!».
8.03.08.
РУСБАЧЧА
Русбаччайи малламӯйи ажриқчашм ҳафтсола шуда бошад ҳам мактаб нарафта, бо шайтонарробайи қисм-қисм аз ҳар ҷо ҷамъ оварда сохтааш нон мекашонд ба бозори «Шому саҳар». Дар пушти зини велосипедаш як қуттийи собунро васл карда, андарунаш нонро рахт мезад якпаҳлӯ ва аспашро гоҳ савор шудаву гоҳ этав карда сӯйи бозор мерафт ва нонро ба духтараки қариб ҳамсолаш супорида зуд бармегашт. Аз он сӯ ягон қадам пиёда намегашт; зеро қуттӣ холӣ ва бор сабук мегашт. Чун хурд буд ва солаш ба чунин кор номувофиқ, ҳам пояш ба поймонаки чархзанҷир намерасид, пойи рост аз зери рав бар он гузошта, қомат андаке каҷ ва мувозинат баробар медошт ва болову поён ба рафти чарх пойҳо ҳаракат медод. Бардору занро мемонд. Ва чаро ба дур нигариста, аз синну солаш зиёд андешаманд пеш мерафт, худаш медонист. Дар ин солҳо чунон ки дар солҳойи Ҷанги Бузурги Ватанӣ қариб ҳама бачаҳойи бепарастор ва камбағал коргар шуда буданд; духтарчайи нонфурӯш Зебӣ ҳам монанди ӯ коргар ба шумор мерафт, аммо дар ягон рӯйи хат номнавис набуд; қариб ҳамайи онҳое, ки дар бозорҳо ва ё дӯконҳойи худсарона сохтайи дороён менишастанд чунин ҳол доштанд. Валек бачаҳойи дороён, ба ном бойҳо ва зӯрони замон на кор мекарданду на мактаб мехонданд, зеро як навъ шиъор пайдо гашта буд: «Тавону зиндагӣ бикун!»
Ва ҳар кас мехост ба навъе зиндагӣ бикунад: яке осону сабук, дигаре сахту нороҳат; аз рӯйи тақозойи замон. Ба ҷойи русбачча Боря дигар кас мебуд, дар роҳи бозор гирякунон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё