МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
мерафту нолакунон меомад, вале ӯ хандакунон мераваду
шод бармегардад, ки бо ҳазор ранҷу азоб ба чунин рӯз расидааст: зеро ӯ аз сесолагӣ то имрӯз бекас калон шуд дар ба
дар ва инак нон мекашонад аз маҳаллайи нонвойҳо. Падару
модараш ҳам дар ҳамин маҳалла ба дунё омада, умр ба сар
бурдаанд то кӯч бастанашон. Он солҳо нонвой ангуштшумор
буд ва бо ҳезуму зуғол танӯр метафсониданд; зеро
заводҳойи нон шаборӯз кор мекарданд ва ҳоло бо касофати
ҷанги шаҳрвандӣ ҳама заводҳо баста шуданд; шаҳрро нонвоён бо нон таъмин мекунанд ва танӯрҳоро барқӣ гардонидаанд. Нондору нонпазу хамиргар ва зуволагиру нонсоз ва
нонбару нонфурӯш лозим. Падару модари Боря аз ҷафойи
рӯзгор кулбайи гилийи дар ин маҳалла аз модарашон меросмондаро фурӯхта, чипта ба қатора гирифтаанд ва агар фардо
нараванд, дигар бо чунин пули роҳкиро ҳеҷ гоҳ сӯйи Россия
сафар карда наметавонанд; зеро ҳама аз тарси ҷанг рахти
сафар бастаанд ва ба андак пул хонаву дар ба бору буна
фурӯхта пойи гурез кушодаанд; чунки овозайи ҷанг сахттар
аз худи ҷанг, ки дар мамлакат як бегона набояд монад. Аммо
кор сахт омад гоҳи сафар: Падар Николай кушу куртаамро
гир «писарро набояд бо худ гирем» гуфт. Галя шах шуда,
дар шигифт монд ва то шӯ муроду матлаб нагуфт, ба чизе
сарфаҳм нарафт: «Ин писар аз хуни ман не, аз Муслими
ҳамкорат...» Галя ду мушт ба сари сина пахш карда буд, то
дилаш накафад ва намедонист чӣ кор бикунад. Агар ҳозир
ҳамроҳи шавҳар наравад, дигар ҳеҷ гоҳ рафта наметавонад;
зеро аз Душанбе баромадану ба Душанбе омадан сахт душвор ва ҳатто лоимкон; чунки роҳҳо зери назорати ситоди
«Наҷоти ватан»-у «Фронти Халқӣ» ҳар мусофирро аз чашми
сӯзан гузаронида, миллату ҳалқият ва куҷойӣ буданашро ба
инобат мегирифтанд. Мусофирони қатораро то аз сарҳад гузаронидан двизиони русӣ мадад мекунад, боз дар тӯли роҳ
ба ҳазор роҳзану дузд рӯ ба рӯ мешаванд. Замона чунин –
нобоб омад, вагарна то дуртарин гӯшайи Иттиҳоди Шӯравӣ
кас рафта меомад, кордор намешуданд беҳуда. Галя ҳама
чизро ба инобат гирифта, ба муколама даромад: «Тӯҳмат накун, Николай. Ман бо он мард чуз сӯҳбати корӣ, ҳарфи ноҷое надоштам».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё