Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

«Ман ба гапи мардум бовар намекардам, лекин ба чашмам дидам ба мошинаш савор шуда рафтанатро...» «Худо ҳаст, ягон рӯз ҷазо медиҳад». «Боз чигуна ҷазо бояд шавад? Магар сахттар аз ин рӯзи сахт ҳаст? Мо ҳоло танҳо мегурезем аз ин ҷо. Лекин ба мулки бобойӣ рафта умр ба сар бурда метавонем ё...» «Ҳар чӣ шавад – нашавад, бояд Боряро ҳамроҳ бигирем», «НЕЪ!» «Ноинсоф! Ин бачайи бегуноҳи бекас дар ин ҷо чӣ кор мекунад? Сагҳойи гурусна мехуранд!» «Ин чизро бояд он вақт андеша мекардӣ!» «Охир дурӯғ, тӯҳмат! Биё ба духтур барем; хунашро бо хунат муқойиса бикунем!» «Дер шуд! Хоҳӣ, ҳамроҳаш бимон. Ман меравам!» Ду ҷомадони кӯҳна ва кӯдак буд миёни онҳо; Боря ба чизе сарфаҳм намерафт: ба хашму якравийи падар ва оби дидайи модар сарфаҳм намерафт; сухан ба гӯшаш дарояд ҳам мазмунашро рӯшан намефаҳмид ва марди ришдор, ки калиди дарвоза дар ангуштон печ-печ бозӣ доронда, хешро кадхудо мешуморид, нигариста, абрӯ чин мекард, ки ба даргоҳи онон пой ниҳода, зиндагиашонро ноҷӯр гардонд.
Чунин набуд падараш. Баъзан сармаст меомаду ба модараш мечаспиду меафканд рӯйи бистар ё хона, сонӣ аз хоб бедор гашта ба ғур-ғур медаромад; боз сари дастархон мегуфтанду механдиданд; рафта аз магазин шишаву моҳичаҳойи дар қуттӣ кушта ва сигарет оварда хонаро пури дуд мекард ва восӯхтаашро бо ғазаб ҳар ҷое рост ояд, пушти нохун ҳаво медод ва худ ба худ ғур-ғур карда мушт меларзонд; мазмун, имрӯз он ҳама муштсозиву таҳдидҳоро рӯйи об оварданист.
Ду ҷомадонро бардошт: «Хоҳӣ, ҳамин; нахоҳӣ ҳам ҳамин...»
гуфт ва шитобзада ҷониби дар рафт.
– Ин хел накун Николай. Хоҳӣ, хонаатро гардонда медиҳам. Лекин баччаро партофта нарав...
– Ту намефаҳмӣ, мӯсафед.
– Ман, ки нафаҳмам, кори худат...
Мӯйсафед дарвозаро қуфл зад ва пушт ба эшон гардонида ҷониби дигар рафт. Ҳамсояҳойи чандин сол боз нону намакхӯрда як-як аз дарҳо баромада, оби чашми Галяро дида низ ашк рехтанд; ҳар кадом ғаму андешайи хеш дар сару дил. Николай пеш-пешу Галя аз пас сӯйи наҳр рафтанд, то ягон мошин киро карда то истгоҳи қатора – вокзал бираванд.

пешина
аз 344
навбатӣ