Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Боря чун ҳамеша хаёл дошт, ки онҳо ба кор мераванду бозмегарданд, миёни ёру ҷӯраҳойи бозиаш монд ва бо духтарчайи ҷингиламӯйи Мирзо, ки дар аробача менишаст, чун ҳамеша машғули «адӣ-адӣ» гашт; дар паси аробача пинҳон ва якбора пайдо шуда «адӣ!» мегуфт ва духтарча завқ мебурд. Ва гоҳе ҳама пароканда шуданд Боря ба дарвоза омада онро қуфлзада дид ва куҷо рафтанро надонист. Аз ҳамон лаҳза дарбадар гашт. Ҳар зани хуб модар шуд ва Ҷамила модари бебадал. Ин зани зебочеҳрайи дидадаро, хушоянд ҳама мардонро буд ва аз ҳар шӯйи даргузар якписарӣ дошт ва Коляро ҳафтум шумарид. Ҷамила нахуст мӯйи сари ӯ тарошид, ба ҳаммом даровард; либоси тозаву қойими писаронашро пӯшонд; либосҳойи чиркину бӯйини кӯҳнаро оташ зад ва дар бистари озодаву рӯкаши оҳорӣ хобонд... баъдтар чанд мӯйсафеду устои сартарошро хонда, сартарошон кард ва дасташро ҳалол: «Акнун аз дасти Боря об хӯрдан ҳалол». Зани соҳибҷамол ду танӯри нонпазӣ дошт, ки хурду бузург машғули нонпазиву нонфурӯшӣ буданд. Боря нахуст ба ҳамсояҳо нон мебурд, сонӣ дар нонанбон бозор мебурд. Чун велосипеддор гашт кораш сабуктар шуд... Гӯё ба воя расид ва аз дасташ кор меомад. Дастмузд мегирифт ва сарфа мекард. Велосипеди шалақро ба велосипеди нав иваз кард; сонӣ ба мотороллер ва онро ба «москвич»-и боркаш, ки «Фургон» ном ниҳод. Бе маслиҳати Ҷамила коре намекард:
«Оча, мехом футбол равам», «Бирав!» «Оча, имрӯз барқ нест, кино бирам?» «Бирав»... Дар ин муддат аз падару модар хату хабар набуд. Ҳар гоҳ аз назди кулбайи фурӯхта мегузашт дарвозаро қуфл медид. Ва орзу мекард, ки онро боз бинаду обод. Пул ҷамъ карда аз мӯйсафед бозпас хариданӣ шуд, вале аз пирмард дараке наёфт. Гӯё рафтанаш ҳамон, гуреза гаштааст. Боря орзу дорад, ки ӯро пайдо кунад ва пули ночизашро дода хонаро баргардонад, обод бикунад, танӯр шинонад ва худаш нон бипазад; хидматгорон бигирад... Падараш наояд ҳам рӯзе модараш дар суроғаш меояд. Вале онон низ чун пирмард бенишон буданд. Ҳоло ҳам бо Фургон ба бозор нон мекашонад, ба Зебӣ месупораду пулашро ба Ҷамила меорад.

пешина
аз 344
навбатӣ