Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Мехоҳад, ки озод бошаду дар ҳамон ҳавлийи танги меросӣ зиндагӣ бикунад, дарвозаро кушода Фургонро дарорад ва Зебӣ кадбону бошад. Орзуву пиндори кӯдаконайи ӯ ба ишқ табдил ёфта буд, вале ба Зебӣ ҷуз нигоҳ чизе ҳадя карда наметавонист. Дар идҳо як дона садбарги сурхи ҷигарӣ ҳадя мекард ва духтар хуш пазируфта, ба андеша фурӯ мерафт.
– Оча, духтар надорӣ, ҳамон Зебиро духтар намегирӣ?
Ҷамила хеле андеша кард ва чӣ рамузҳо гирифт, ки баъд фармуд:
– Мегирам... Медонӣ, ки ӯ бекас аст? Баройи пул ниқобдорон шабона ба хона даромада падару модарашро хафакуш кардаанд. Ҳамон шаб духтарча хонайи холааш рафта будааст... Бисёр касон хостанд духтар хонанд, нарафт.
– Ҳавличайи моро намефурӯхтанд, ман ҳам ба ҷое намерафтам, оча...
Хомӯшийи беохир ба миён омад...
Рӯзе аз рӯзҳо Зебӣ ӯро хидмат фармуд: «Боряҷон, баъди кор маро то хона бубар, бор дорам». Боряйи хандонрӯ ба ҷон пазируфт хоҳиши ӯ ва назди бозор омада то охирин нонро фурӯхтани Зебӣ нигарон бишуд ва бори ночизи ӯро то хонааш бурд. Зебӣ қуфли дарвозаро кушода хоҳиш кард, то Фургонро дарорад. Боря ҳайрон монд, ки чӣ қадар ин ҳавлича ба ҳавлийи фурӯхтаашон монанд ва чаро Зебӣ танҳо? Чизе напурсид. Зеро очааш ҳама рухдодро гуфта буд ва сабаби дилсӯзиаш аз ин ҷо сар зад, ки қисматҳо ба ҳам монанд мешаванд. Лек мошинро надаровард. Бори ӯро бурда ба саҳни ҳавлӣ гузошт ва чизе нагуфта, мошинашро савор шуда рафт.
Раҳораҳ то андозае фикр кард, ки дар борайи падару модар ва азобу ранҷи кашидааш андеша накарда буд: «Хуб азоб кашидагист?» Баргашта омад ба дари ӯ ва шабро андаруни фургон рӯз кард. Хоб дид, ки ҳавлийи фурӯхтаро харидааст, ҳамин ҳавлӣ будааст он; танӯр кор мекардааст; Зебӣ кадбону ва ӯ кадхудо; хидматгорон нон пухта, бозор бурда мефурӯхтаанд...
Нон дар хоб – дидор.
10.03.08.

пешина
аз 344
навбатӣ